Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Лекин, ҳамсоя... рости гап, рангашон назаргир не – паст, ҳатто хунук.
Муйсафед ба ин сухани ў дар сукут ҷавоб гардонд ва думбураҳоро ғундошта, бозпас ба коргоҳаш бурда монд.
Акнун дари дўкон ҳамеша қуфл буд.
Вай онро рўзе кушод, ки хабари аз хизмати ҳарбӣ баргаштани набераашро оварданд.
...Думбура ба Саидакрам хуш омад.
– Рангаш ҳам бисёр табиӣ, мулоим, – гуфт ў ба шавқ.
Ва муддате гўшакҳояшро тоб додаву ҷўр карда, баъд сидқан навохт. Ончунон навохт, ки мўйсафед, аз фарёди торҳо рўҳаш болида, беихтиёр меандешид: не-е, заҳматаш барбод нарафтааст, ба худаш набошад ҳам... барои наберааш сози муносиб сохтааст!
Дар рўбарўи вай боз ҳамон ду нафар пайдо шуданд.
– Ку бигир, мўйсафед, як навохта бинам, – гуфт ҷавони зардина, ба олатҳо ишора намуда.
Магнитафони ҷавони ҷингиламўй, ки дар паҳлуи шарикаш лоқайд меистод, баланд мехонд:

Занҷири сари зулфи ту маҷнунам кард,
Нодидани рўи ту ҷигархунам кард.
Ногаҳ назарам фитод бар холи лабат,
Холи лаби ту зи шаҳр берунам кард...

Мўйсафед нахустин асбоби ба дасташ омадаро бардошт ва Зардина онро зуд ба оғўш гирифт. Ҳоло қатраҳои сарди борон дигар ба рўи кас намерасиданд. Вале осмон ҳамчунон абролуд буд. Шамол зўртар шуда, ба доману гиребони мардуми дар рафтуо печ мехўрд.
– Паст кун, – гуфт Зардина, ба ҳамроҳаш нигариста.
Баъде ки Ҷингиламўй овози магнитафонро фуровард, вай он думбураро тавонам-натавонам каме навохту:
– Маза надорад, афсўс, – гўён ба мўйсафед баргардонд ва сози дигарро гирифта, аз сари нав ба «тинг-тинг»-и гўшхарош шурўъ намуд.
Ин дам чашми мўйсафед нохост ба як ҷавонмарди нозукандом афтид, ки дар даст тўрхалта, назди Ҷингиламўй истода, ба думбура задани Зардина зеҳн мемонд. Қади баланди химча дошт ў.

пешина
аз 551
навбатӣ