Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъзан, дар он дақиқаҳое ки наберааш аз косахонаву торҳои думбура ягон нағмаро берун меорад, мўйсафед гаранг монда, намефаҳмад ин оҳангро кӣ мезанад – худаш ё наберааш?..
Рўзе ки Саидакрам аз хизмати ҳарбӣ баргашт, оғози тирамоҳ буд; дар боғҳо себу ангур ғарқ пухта буданд. Аз ҳар тараф бўи офтоб, бўи хуши меваҷот меомад. Мўйсафед тамоми тобистон аз дўконаш қариб берун нарафта, ба ҷои як думбурае ки дар орзуяш мегашт, шашта сохта буд. Зеро ҳар дафъа, хангоме асбоби оғоз намудаашро аз даст мебаровард, ба вай чунин метофт, ки не-е... марҳами дарду аламҳояшро ҳоло насохтааст. Дили ў талаботи дигар дорад, думбураи беҳамто мехоҳад дилаш. Ва иншооллоҳ, мўйсафед ба орзуи дерини худ мерасад.
Вақте думбураҳо асосан тайёр шуданд, ба нияте ки ранги зарди онҳоро сурх мекунад, вай дар саҳни ҳавлӣ оташ афрўхт. Агарчи Мирзокарими ҳамсояаш «ин касби ту нест, ту дар ин ҳунар нобаладӣ... ман тоб медиҳам», – гуфт, мўйсафед гардан нафуровард. Ва дар назди ў бисёр шарм дошт:
паиҳам ҳар ҷо-ҳар ҷои ду адад думбураро сўзонда, аз ношудии худ ба ғазаб омад ва ҳар дуро ҳам дар сари зонуяш зада шикасту ба оташ андохт.
– Чӣ лозим буд! – дареғ хўрд Мирзокарим.
Вале мўйсафед, ки аз хирмани алав чашм намеканд, ба вай ҳатто нигоҳ накард. Ба кампираш ҳам – ў дуртар аз онҳо маҳзун рост меистод – назаре наафканд. Оташ аланга мегирифт, думбураҳо часаросзанон месўхтанд. Вай ба забонаҳои тези гулгун нигариста, аламнок меандешид: шояд аз он ду асбоб яктааш ҳамоне буд, ки солҳо боз дар орзуяш зиндагӣ дошт.
Аз ин фикр аъзои бадани мўйсафед метафсид; гўё оташ ба тани созҳо не... балки дар ҷони худаш давида буд.
– Ҳеҷ қисса не, ғам нахўр, – мегуфт Мирзокарим, акнун ўро тасаллӣ дода.
Мўйсафед сар намебардошт.
Баъд дар ҷои оташ як тўда хокистар монду вай дар азоб бархост. Ва мисли марде ки қоматаш аз кадом мусибати вазнин камон гардидааст, оҳиста-оҳиста қадам партофта, рў ба интиҳои боғи хомўш рафт.

пешина
аз 551
навбатӣ