МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Дигар думбураҳо ялақос мезананд. Инҳо чўби хушк барин...
– Ту аввал навохта бин.
– Ба навохтан менавозам. Лекин аз сози рангаш хунук чӣ фоида? Гап ҳамин, мўйсафед: даҳ сўмак медиҳаму яктаашро мегирам, розӣ набошӣ – ихтиёрат.
– Не-е, бачам, – калла ҷунбонд ў, – арзон пурсидӣ.
Зардина хам шуда, аз думбураҳо якеро бардоштан мехост, ки ҳамроҳаш аз остини вай кашид.
– Мон, аввал бозорро дурусттар чарх занем.
Ба рўи мўйсафед қатрае борони сард расид. Боз як қатра ва боз... «Борон омад», – гуфт ў ба худ ва дарҳол миёнбандашро кушода, майл намуд болои думбураҳоро пўшад. Аммо дид, ки чаппаву роста шамол вазида, қатраҳои кам дар ками ғалтонро парешон мекунад; диду осуда гардид, – шояд абрҳо бартараф шаванд.
Он ду нафар рафта буданд.
Мўйсафед дар ин ҷои ҳанўз серодам ва пур аз ғалоғула ба фикру хаёлҳои худ боз танҳо монд. Вай акнун меандешид, ки дар ҳар сурат гапи кампираш дуруст, ба тўи набераашон ягон тўҳфаи арзанда баранд, кори хуб мешавад. Агар имрўз асбобаш ба фурўш рафта, ҳеҷ набошад, сад сўм меёфт, ҳамроҳи он сад сўме ки дар хонааш эҳтиёт карда мондааст, соҳиби дусад сўми нақд мегардид. Ба дусад сўм ягон қолини кироӣ харидан мумкин будагист.
Лекин ҳамон қолинро аз куҷо меёбад? Камчин вай. Ба ҷои қолин гилеми қоқма харад, чӣ? Бештар лақайҳо мебофанд – пашмин, бақувват, рангаш ҳам диданӣ…
Баъд фикри мўйсафед ба наберааш Саидакрам банд шуд.
Аҷаб писари бакитфу бозу, адабаш ба адаби даҳ духтар басӣ мекунад. Чӣ дили ҳассос дорад ў! Чӣ сон думбура менавозад! Эҳ-ҳ, даме ки ангуштони Саидакрам ба рўи торҳои соз мелағжанд, мўйсафед кўдакиашро дар хотир меорад, пойлучиашро... Он рўзҳоеро ба лавҳи ёд меорад, ки бе падар монда, дар остони Табарбой аз субҳ то шом хизмат мекарду шикамаш нони серӣ намедид.
Саидакрам акнун тракторчӣ. Мегўянд, ки дар касбаш бисёр муносиб аст. Аммо мўйсафед, танҳо мўйсафед яқин медонад – вай на фақат тракторчии нағз, балки дар навохтан низ санъати баланд дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор