Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хаёлаш, ки кўҳро занад, талқон месохт...
Мўйсафед зардолуро ғалтонда, шоху навдаҳои ба назар ношоями онро бурида партофт ва танаашу ду шохи ғафсашро ба арраи дандонаҳояш саросар тези худ чанд ғўла карда, якта-якта ба таки айвон бурд.
– Инҳо чӣ лозим, мардак? Барои чӣ зардолуро буридӣ?
Охир, мева медод! – гуфт кампираш, ки яқин аз кори ў норозӣ буд.
– Думбура месозам, занак, думбура, – гуфт дар ҷавоб мўйсафед, муддате нигоҳи андешамандашро аз ғўлаҳо набардошта. – Думбураи нағз ҳам мева медиҳад.
– Пириву хартозӣ! Омада-омада... дар куҳансолӣ касбатро дигар кардан мехоҳӣ?
Мўйсафед эроди ўро беэътибор монд.
«Ба зан-мардум ягон чиз фаҳмонда намешавад...»
Айёми зимистон гузашта, баҳор омад.
Мавсими боронгарӣ низ анҷом ёфт.
Акнун осмони деҳа бетак ва каб-кабуд метофт. Ҳаво соф, офтоб рўзи дароз нурпошӣ мекард. Ба димоғ бўи замини бедор, бўи гулу сабза мерасид.
Мўйсафед инак ғўлаҳои зардолуро, то ки дар офтоб хушк шаванд, аз айвон ба саҳни ҳавлӣ фуроварда буд. Баъзан соат аз паи соат мегузашту вай аз назди онҳо дур намерафт, – пўстлохашонро меканд, чаппа мекард, рафту дар болояшон соя афтад, ба офтобрўя мекашид. Ё дар гўшае нишаста, дуру дароз ба сўи онҳо чашм медўхт.
Дар ин гуна лаҳзаҳо мўйсафед ҷисман ҳис менамуд, ки чӣ тавр гармии ҷонбахши офтоб ба мағз андар мағзи ғўлаҳо, чун ба тани худи вай, раҳ меёбад. Басо мешуд онҳоро, ангор фарзанди инсон бошанд, навозиш ҳам мекард.
– Ба худо, ки ақлатро хўрдаӣ, – мегуфт кампираш, аз ин кирдори ў дар тааҷчуб монда.
Мўйсафед ҷавоб намегардонд. Фақат механдид; механдиду боз машғули ғўлаҳо мешуд...
Тобистон даромад.
Мўйсафед дар ин муддат як бузашро баумед кушта, рўдаҳояшро аз чарбу тоза кардаву махсус хушконда, «барои думбура», – гўён аз онҳо ба дасти худаш чанд газ тори бақувват бофта монд.

пешина
аз 551
навбатӣ