МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Як пояш инак ба лаби гўр расидааст. Кӣ медонад боз ду-се сол умр мебинад ё не...
Бегоҳ, вақте ки дар хонааш пойҳои бемадори худро ба кодоки сандалӣ андохта, чои гарм менўшид, муйсафед ба кампираш рўй оварда, қатъӣ гуфт:
– Ман дигар соғутарошӣ намекунам.
Кампир, ки дуртар аз сандалӣ менишаст ва кадом суруди ҳазинро зери лаб замзама намуда, барои вай нимтана медўхт, оҳиста чашм бардошт. Ва лаҳзае ба чеҳраи мўйсафед нигариста, ба оҳанги ҳайрат:
– Худат медонӣ, – гуфту гашта сар хам кард.
Рўзи дигар мўйсафед субҳ надамида... аз хоб хест. Берун баромада, дар ҳаловат дастурўй шуст. Ҳавои андак сарди зимистон ба тану ҷонаш мадори тоза мебахшид. Чор-панҷ соли охир вай ҳеҷ гоҳ худашро то ин дараҷа бардам ҳис накарда буд – устухонаш чунон сабук, ки гўё аз нав ҷавон шудааст. Дилаш низ равшан, гарми гарм…
«Ҳамин рўз айни вақташ. Бале... Худо хоҳад, корам барор мегирад».
Мўйсафед аз дўконаш, ки дар паҳлуи ҳезумхона воқеъ буд, аз байни асбобҳои чўбтарошии батартиб як табари дастадарозу як сўҳони калонро гирифта, бозпас ба таки айвон омад. Ва дар болои қуттие нишаста, онҳоро аввал ба пеши пояш гузошт, чанд дақиқа ба хаёл рафт...
Ҳангоме кампираш бедор шуда, ўро дар айвон дид, субҳ акнун сафедӣ мезад.
– Дар ин бемаҳал табар чӣ лозим, ки ин қадар ғиҷир-ғиҷир дорӣ?!
– Корат набошад, занак, – гуфт мўйсафед ва табарро табъи дил тез карда, аз қафои вай ба хона даромад.
Баъди наҳорӣ аз сари дастархон сабук бархост. Пас ба кампираш, ки андоми ўро суоломез аз назар мегузаронд:
– Ту имрўз ба ман халал нарасон. Корам мушкил. – гўён тарафи дар рафт.
Даме ки мўйсафед ба поини боғаш расида, дар танаи ғафсу бақуввати яке аз чор зардолуи қатор табар монд, аз канори деҳа, аз фарози талҳои баланд қурси офтоб лолагун рух намуд. Вай инро фоли нек дониста, дучанд рўҳ гирифт, дасту бозувонаш зўртар шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор