Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мўйсафед, чунон ки пояш аз замину дасташ аз осмон канда шуда бошад, дуру дароз ба моли худ чашм дўхта нишаст.
Пакар буд вай, озурда буд... Барои чӣ касе думбураашро намепурсад? Наход ҳамин қадар масофа тай карда, дар ниҳояти кор ноумед баргардад? Наход дар ин бозори калон, дар ин шаҳри сернуфус, дар байни ин мардуми санъатдўст… ягон одами созталаб пайдо нашавад?
Аслан соғутарош буд мўйсафед. Дар давоми қариб чил сол, соатҳое ки аз кори калхоз фориғ мегардид, табақу коса, кафлесу чумча, тираку тахта ва ғайра лавозими рўзгор тарошида, ба аксар мардуми Ховалинг ҳоҷатбарор мешуд.
Гоҳо, дар ду-се моҳ як ё ду карат, баъзе ҳосили дасташро ба ин ҷо, ба бозори Кўлоб меовард. Ва ҳаргиз «нархаш фалон сўм», – намегуфт. Ҳар кас ҳар чӣ диҳад, қаноатманд мегирифту ба ивази он каму кости оилаашро буд мекард.
Бале, мўйсафед соғутарош буд. Боз... думбура менавохт; хуб менавохт, ҳоло ҳам менавозад. Ин ҳунарро чун соғутарошӣ аз раҳматӣ падараш мерос гирифтааст. Аммо дар бадали кулли он солҳое ки аз дарахти бед асбоби рўзгор метарошид, вай дар дил гарм орзу мепарварид, – худо хоҳад, барои худаш ҳатман як думбура месозад. Асбобе ки зинда бошад; оқибат ба қалбаш ҳамсадову ба андешаҳояш ҳамсафар гардад; албатта месозад!
– Коса надорӣ?
– Не, писар...
Муйсафед чанд сол муқаддам аз Мирзокарими ҳамсояаш баумед якта думбура харида буд. Вале ҳамон низ ўро қонеъ карда наметавонист – овозаш чандон равшан не, ба ғалаёни дили мўйсафед қудрати ҷўр шудан надорад, – ҳарчанд Мирзокарим мегўяд:
– Ин беҳтарин олатест, ки дар умрам сохтаам.
Хулоса, мўйсафед дар орзуи думбураи нағз буд; думбурае ки дар дасти кас ҷон гирад, аз самими сина ба гуфтор ояд... Лекин солҳо мегузаштанду вай ҷуръат намекард ба сохтани чунин асбоб миён бандад. Метарсид: рафту аз ўҳдааш набарояд? Рафту аз орзуи ширинаш ҳам ҷудо гардад?

пешина
аз 551
навбатӣ