Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Раҳмат, падар, ба ман чумча даркор буд.
Марди ганбускмўйлаб хайрухуш кард ва калон-калон қадам партофта, аз дарвозаи бозор берун рафт.
Мўйсафед оҳиста дар ҷояш нишаст.
«Мақбул нашуд. Ақалан ба дасташ нагирифт, – аз дил гузаронд ў қадре малул. – Эҳтимол инҳо ягон иллат доранд, аммо ман намедонам...»
Баъди фурсате муйсафед чою нон мехўрду пай мебурд, ки табъаш хира мегардад. Боиси ин ҳолаташро аниқ дарёфтан ҳам душвор буд. Вай намефаҳмид аз кӣ домангир шавад – аз худаш, ё аз он марди шинос, ки ба асбоби ў ҳатто эътибор накарда рафт? Шояд айб на дар мўйсафед ва на дар он мард – вай, охир, думбура не, чумча мехост! – балки маҳз дар ҳамин думбураҳо бошад... Не-е, ба инҳо чӣ шудааст? Овози нағз доранд, ҳар се низ аз дили чўби зардолу баромадаанд. Ба мардуми навошинос боз чӣ лозим? Дуруст аст, ки рангашон назаргир не, «дар алав тоб надодаам, аз дастам наомад». Лекин... хушрўй набошанд ҳам, то ба инҳо думбура ном гузоштан... вай, мўйсафед... эҳ-ҳ! Ҳаминҳоро набиёрад, кори хуб мешуд, аслан овардан намехост. Гуноҳи кампираш: «бурда фурўш, мардак. Сари зимистон, иншооллоҳ, набераат зан мегирад. Мо ҳам камтар харҷ накашем, айб мешавад. Ба ин сад сўме ки кайҳо боз эҳтиёт карда мегардӣ, ягон чизи арзанда харидан даргумон», – гуфта, орому қарори ўро барҳам зад аёли бемаънӣ.
– Монда набош, ҳамном!
– Саломат бош!
– Аз рўи гапи мардум имсол дар Ховалинг алаф бисёр шудааст...
– Рост, фаровон буд.
– Коса-табақат намонд?
– Наовардаам коса-табақ... Бас кардам.
– Афсўс. Ният доштам, ки табақ оварда бошӣ, бе чуну чаро мехарам. Аз маҳсули дасти худат қурутоб хўрдан аҷаб кайфият дорад.
Боз як шиноси мўйсафед инро гуфта, бешитоб дур шуд.
Ба думбураҳои вай дуруст нигоҳ ҳам накарда, даст ба пушт вазнин қадам монда, шояд аз паи муҳиммаш рафт. Ва дар пешгаҳи бозор ба анбўҳи одамон омехта, дар як дам аз назар нопадид гардид.

пешина
аз 551
навбатӣ