Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ниҳоят, аз байн ним соат нагузашта, дар бағал як тарбузи калон, гашта омадӣ. Хурсанд будӣ. Аҷаб, ки ман ҳам дарун-дарун шодӣ мекардам.
– Инашро умуман дар хотир надорам.
– Бале, ту дар хотир надорӣ. Чунки рафторат тасодуфӣ буд. Ман инро пас аз хонадор шудан донистам; донистам, ки чунин содагӣ ба табиати ту ҳеҷ мувофиқ нест... Лекин ман аз ҳамон рўз ба ту дил бастам.
– Ман ҳам...
– Баъд ту маро дар ғояти адаб то ин бино гусел кардӣ.
Раҳораҳ фаҳмидам, ки дар университет мехонӣ. Аз ман як курс боло... Чой гир.
– Ташаккур, бисёр нўшидам.
– Пас аз ду сол хонадор шудем. Ман ҳис мекардам, ки падарам ба ин издивоҷ розӣ нест. Аммо вай дардашро фурў бурда, маро ба ихтиёри худам гузошт. Чунки ман ягона фарзандаш будам; ҳам ба ҷои писар, ҳам ба ҷои духтар...
– Ту гуфтӣ, ки вай маро бисёр бад медид.
– Сабр кун... Падарам одами касалманд буд. Вай дар ҷавониаш ба мухолифони сохти шўравӣ ҷангида, чанд бор захмӣ мешавад. Баъде ки онҳо торумор мегарданд, дар завод кор мекунад. Аз рўи гапи дўстонаш нағз кор мекардааст, мардуми ҳаромхўрро чашми дидан надоштааст... Вақте ки ҷанг сар мешавад, зуд ариза дода, дар қатори аввалинҳо ба майдон меравад ва ба ҳамин рафтан соли чилу шаш бармегардад.
– Ман инро медонам.
– Вале ту намедонӣ, ки вай то охири умр чӣ тавр азоб мекашид!
– Ба назарам одами бақувват буд...
– Баъзан модарам оби дида рехта, дар алам мегуфт, ки танаш мисли ғирбол... Вай ўро бисёр дўст медошт. Чунон дўст медошт, ки... Вақти ба дунё омадани ман падарам чилудусола будааст. Модарам аз вай понздаҳ сол хурд буд. Онҳо дер хонадор мешаванд... Ту медонӣ мо аввал дар куҷо зиндагӣ мекардем?
– Мегуфтӣ, ки ҳавлӣ доштед...
– Рост, ман ба ту бисёр мегуфтам. Аммо ҳар чӣ аз кўдакиам ё дар бораи падарам мегуфтам, ба як гўшат даромада, аз гўши дигарат мебаромад.

пешина
аз 551
навбатӣ