Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Рост. Ман ба вай нигариста, аз хурсандӣ курта-курта гўшт мегирифтам.
– Мо дар куҷо шинос шуда будем?
– Дар хобгоҳи институти палитехникӣ.
– Бале, ман он рўз ба назди дугонаҳои ҳамдарсам рафта будам. Баъд ту омадӣ, ба як рафиқат. Харбуза бардошта омадед...
– Ёд дорам. Ту аз шарм намедонистӣ чӣ кор кунӣ.
– Духтарҳо шуморо нағз пешвоз гирифтанд. Онҳо ба шумо шинос будаанд. Рафиқат харбуза кушта, маро ҳам муроот кард. Аммо ман шарм дошта, ба табақ даст бурда наметавонистам. Ту шояд мепурсӣ – аз кӣ...
– Бале, аз кӣ?
– Аз ту... Нигоҳат тез буд. Зоҳиран сода, вале дар айни замон бисёр зирак менамудӣ. Хаёлам, ки аз дилам чӣ мегузарад, ҳамаашро мефаҳмӣ.
– Ту дар ин бора ба ман ягон маротиба гап назадаӣ.
– Рост. Гап задан ҳам намехостам. Лекин ҳоло... Сарулибосат озода буд; худат чаққон, чашмонат равшан, чеҳраат кушода... Аз чӣ бошад, ман ба ту боз як бор назар давонда, фикр кардам, ки яқин дар деҳа калон шудаӣ, аммо ҳамсолони шаҳриат ба ту баробар омада наметавонанд.
– Сабаб?
– Намедонам. Баъзан мешавад, ки одам дар фаҳмондани фикраш, ин ё он ҳиссиёташ оҷизӣ мекашад.
– Хоҳад, мефаҳмонад. Аз худи одам вобаста...
– Хулоса, ман шарм медоштам. Баъд ту дастатро пок карда, ба табассум гуфтӣ, ки то шумо нагиред, мо намегирем.
Ҳаяҷонам бештар гардида, ман аввал ба табақ, пас ба ту нигаристам ва чӣ ҷавоб доданро надониста, беихтиёр гуфтам, ки ман харбуза намехўрам. Чӣ мехўред... пурсидӣ ба ҳамон чеҳраи кушода, ба ҳамон чашмони равшан.
– Аҷаб, дар ёд надорам.
– Тарбуз гуфтам ман, агарчи он лаҳза дилам танҳо харбуза мехост....
– Пас маро фиреб додӣ?
– ...Ту зуд аз ҷой хестӣ ва ҳозир гўён берун рафтӣ. Духтарҳо хандиданд. Рафиқат ҳам механдид. Баъд аз рафтани ту ман худро озод ҳис карда, ду-се карч харбуза хўрдам.

пешина
аз 551
навбатӣ