Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чӣ?
– Бўи бодиринг мегўям...
– Ту сиҳатӣ?
– Не. Фардо бояд дар бемористон хоб кунам.
– Чӣ дард дорӣ?
– Намедонам.
– Тирезаро пўшам?
– Лозим не – борони нағз, мулоим...
– Рост, резаборон. Аммо ҳаво сард.
– Ту кай омадӣ?
– Ҳамин саҳар. Ба идораат занг задам. Гуфтанд, ки панҷ моҳ боз дар он ҷо кор намекунӣ.
– Баъд ин ҷо омадӣ...
– Бале, аммо дар ин ҷо ҳам туро наёфтам. Ман тамоман бехабар будам. Ҳамсояат гуфт... Чӣ хел шуд?
– Одамон чӣ хел мемиранд?
– Ту ҳеҷ аз талху пичингат намемонӣ!
– Бегоҳ аз кор омадам, ки аҳволаш бад...
– Гуландом куҷо буд?
– Ҳамин ҷо. Ўро аз боғча гирифта, оҳиста-оҳиста ба хона меояду дилаш якбора беҳол мешавад...
– Гуландом натарсид?
– ...Зуд кўча баромада, духтур ҷеғ задам. Лекин...
– Гуландом натарсид?
– ...Лекин дер шуд. Гап дар бораи Гуландом бошад... не-е, вай натарсидааст.
– Ту аз ман наранҷ. Медонӣ, ман...
– Медонам; медонам, ки ту ҳамон одами сангдил. Аз ин ҷиҳат асло дигар нашудаӣ.
– Чӣ, магар аз аҳволи фарзанди худ пурсидан сангдилист?
– Ман гумон доштам ту ўро фаромўш кардаӣ.
– Гумони беҳуда! Мактуб нанавиштаам, пул нафиристодаам; фиристода ҳам наметавонам. Инаш рост. Аммо фаромўш кардан...
– Хайр, мон, аз дигар ҷо гап зан.
– Масалан?
– Масалан, аз Маскав.
– Маскав дар мақомаш. Ободӣ, амонӣ, арзонӣ...

пешина
аз 551
навбатӣ