МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Меравед? Андак истед... раъду барқ гузарад, – акнун бархоставу ба гунаҳояш сурхӣ дамида, маънидор мегуфт зан. – Тар мешавед. Боз ин ки...
– Саломат бошед!
Вай тохта аз ошхона баромаду...
Дар мобайни раҳ истода, ба чор тараф чашм давонд. Духтарак наменамуд; гўё гум гашта буд, тамоман... Ба сари шаҳрак чодари тираи шаб фуромада, гоҳ-гоҳ аз шамшери оташини барқ пора мешуд.
Ҷавон боз як маротиба атрофро аз назар гузаронд. Вале беҳуда – шаҳрак дар зери шохборон монда...
Ба худ фурў рафта буд.
Гўё мурда буд!
Вай дасткаши сиёҳи дарозро пўшида, ба як зарби пой маторро ба кор даровард ва савори мататсикл...
Худро ба оғўши тундар андохт.
Барқ паёпай оташ афрўхта, дар оинаи чашмони мешиаш акс меёфт; ба кулоҳи сурхи ялақосиаш равшанӣ меафканд.
Ва ҷавон...
Дар ҳолате ки аз раҳи хилват ба суръати баланд мататсикл меронд, он духтараки нигоҳаш нарму маъсумро боз дар хотир оварда, ба як ҳисси ноошно, вале дар айни замон бисёр гарм аз дил мегузаронд: оё бори дигар сурати ўро медида бошад?
Не, аз афти кор... намебинадаш.
Ҳаргиз!
Дар болои сари ў канда-канда раъд гулдурос мезад, барқ меҷаҳид. Ва муттасил борон мерехт.
1986
ОХИРИН РЎЗИ ТИРАМОҲ
– Ҳушат куҷо рафт?
– Борон меборад, борони тирамоҳ.
– Хунук хўрдӣ? Тиреза кушода...
– Не. Падарамро ба ёд овардам. Бўи бодиринг меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор