МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ният карда дўхта будам. Дар рўзҳои нек пўшед.
Вай ба пеши келинаш ҳам, ки вақти аз киса пул баровардани Мурод номаълум рўй турш карда, нигоҳашро асабиёна мегурезонд, як либосвор атласи тоза монд.
Аз байн ним соат нагузашта, мошини ваъдагӣ омад...
Ва онҳо рафтанд; рафтанду пирамард, мисле ки нохост ягон чизи бағоят пурмояро аз даст дода бошад, дилаш сиёҳ шуда, дар бадали чанд рўз ҳушу ёдашро дигар ғундошта натавонист.
...Мошин тали Шеронро қафо гузошта, ба дара дохил шуду гашташро тезтар кард. Деҳа дар пушти баландиҳо аз назар нопадид гардид. Шақароси занҷири чархҳо ва ғуриши матор паст рафтанд. Шахҳои алаи ду тарафи дара ба чашми пирамард ҳавлангез менамуданд. Шамоли раҳ гўшҳояшро лесида, дар болои сараш ғуввос мезад.
Вай хунук хўрд. Миён, сари шона ва буғумҳои дасту пояш зириқ-зириқ ба дард омаданд.
«Агар ин мўза намебуд, корам мепухт», – аз дил гузаронд ў ва ҳамон лаҳза дар пеши назараш сурати Мурод падидор гашт. Ба пирамард чунин намуд, ки чашмони калонкалони равшан, абрувони пайваст, мўйсари ба диққат шонахўрдаи қатронӣ, бозувони бақувват, ранги гарданбанд ва ҳатто аз ҷомадон ҳамин мўзаи намадини бакалўшро берун оварда, чӣ тавр ба дасти ў додани писарашро баръало мебинад.
«Умраш дарозу ризқаш фарох бошад. Ба мани мўйсафед дигар чӣ лозим? Доғи фарзанда надида равам, давлати калон... Одам пир шуда, ба хотири ҷамъ аз дунё чашм пўшад, ҳеҷ қисса не. Ин дар зиндагӣ мисли ҳар саҳар аз хоб хеста, ором дастурўй шустан, ё худ ҳар рўз се маротиба таом хўрдан як чизи муқаррарӣ. Мазмун – одам ба ин дунёи домангир аз як дарвоза даромада меояду аз дигараш баромада меравад.
Лекин рафтан то рафтан фарқ дорад. Вақте ки каси пешомада пеш меравад, аламаш камтар. Пири фартут бошиву гул барин фарзандат туро партофта равад, аз ин рўзи сахттар нест. Шояд аз ҳамин сабаб доғи падару модар мерос, доғи фарзанд теғи алмос мегўянд».
Вай саллаашро кушод ва ду печи онро аз болои гўшҳояш гузаронда, аз нав баст. Ангуштони карахташро ба нафас гарм карда, кафҳои дурушташро муддате ба ҳам совид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо