МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
фикр карда нишасту ниҳоят, чунон ки бори гаронеро аз китф партофта бошад, як нафаси чуқур кашида:
– Писарам, – гуфт, – қариб ҳашт сол мешавад, ки ту аз ман дур... Панҷ соли дароз хондӣ, аз рўи ёфтам каму беш ёрдам додам. Баъд дар шаҳр монда, ҳамин қадар кор кардӣ...
Бас будагист.
– Ин гапатон чӣ маънӣ дорад?
– Маъниаш – кўчида биё, ба мо саробон шав. Ту писари яккаву ягона... Ман акнун пир шудаам, офтоби сари кўҳ барин. На дар дастам зўр мондааст, на дар чашмам нур.
– Хоҳарам ана... калон шудааст, алоқадри ҳол ба ташвиши рўзгоратон шарик... Маишататон ҳам баҷо, нафақа мегиред... Боз чӣ камӣ доред? Худатон медонед, ки ба ман аз ҷигари шаҳр хона доданд, вазифаам нағз. Пас... ин ҷо омада, чӣ кор мекунам?
– Дар калхоз кор мўл. Дилат калхоза нахоҳад, дар ягон идораи дигар кор кун. Ғайр аз ин... магар кора нағзу бадаш ҳаст? Гап агар дар сари манзил бошад, дар ин ҳавлӣ ду-се оила бемалол мегунҷад. Хонаи бисёр...
– Не, додо, ин фикратон хом. Мардум орзу доранд, ки дар шаҳр ҷойгир шаванд... Ман хонаву дари тайёрро пушти по зада, чӣ хел ба ин сангистон кўчида биёям? Дар ин ҷо чӣ хушвақтӣ ҳаст?!
Пирамард оташин шуда, хост «аввал андеша, писарам, баъд гуфтор... Ту аз осмон наафтидаӣ. Ту дар ҳамин ҷо зоида шудӣ, дар ҳамин сангистон ба воя расидӣ», – гўён мазаммат кунад ўро. Вале аз чӣ бошад, чанд тора мўйлабашро зери дандон гирифта, фақат ба сукут рафт.
– Шумо ғам нахўред, ман аз ҳолатон бохабар шуда меистам, – гуфт Мурод ва аз кисааш як биступанҷсўма бароварда, ба вай дароз кард.
Пирамард ҳарчанд:
– Лозим не... Истироҳат рафтанӣ бошӣ, албатта серхарҷ мешавӣ. Барои ман аз сад молу маноли дунё дар наздам буданат авло, – гуфт, писараш онро зўран ба дасти ў қапонд.
– Кам аст, лекин хафа нашавед. Дар пеш сафар дорам...
Ин дам ҳамсари пирамард, ки ба гуфтугўи онҳо ҳайрон гўш дода меистод, ба китфи Мурод як ҷомаи беқасаб андохт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо