Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин дам ба димоғаш лаҳзае бўи харбуза расиду сар бардошта, ба чор ҳадди сақфи анбори нимторик чашм давонд.
«Шояд ягонта монда бошад, фақат бўяш не... Ана, якта будааст».
Ў қуттии холиро ба кунҷи анбор бурд. Боз болояш баромада, банди лухро, ки харбуза дар он овезон буд, аз мехи болор ҷудо кард ва назди дар оварда, дар равшанӣ ба ин тарафу он тарафаш нигарист. Харбуза аз пеши думчааш ба қадри ангушт вайрон шуда буд.
«Ҳеҷ қисса не, мебарам. Дар ин чиллаи зимистон харбузаи сиҳат дар куҷо?!»
Пирамард сабадчаву харбузаро, ки бардоштанаш осон шавад гуфта, лухашро накушода буд, аз анбор бароварда, дар таки айвон гузошт. Баъд сарулибоси тоза пўшида, ба умеди мошин кўча баромад.
Вай то нисфи рўз дар дами дарвозаи ҳавлиаш истода, вазнашро гоҳ ба як пой ва гоҳ ба пои дигар андохта, бетоқат раҳ поид. Аммо қасд кардагӣ барин ягонта ҳам мошин намегузашт...
Пирамард умедашро канда, ба табъи ноҷўр акнун хона даромадан мехост, ки аз дур як мошини боркаш намуд.
«Худо хоҳад, корам омад мекунад», – чеҳрааш равшан гардида, аз дил гузаронд ў ва зуд даст бардошт.
Мошин омада истод. Чархҳои ақибаш занҷирпеч буданд.
Дари кабина, ки болояш як ваҷаб барф дошт, кушода шуда, шофир берун баромад. Вай хеши дури пирамард буд.
– Бахайр, Абдурашид?
– То Хайробод, амак, боркашӣ. Саҳар рафта натавонистам, мошин вайрон шуд нохост...
– Мана ҳамроҳ намегирӣ? Акаи Муродат ҷеғ задааст.
– Ҷо банд-ку, амак. – Рашид ба ишораи сар кабинаро нишон дод. – Ҳамсояамон... Писараш дар Хайробод зиндагӣ мекунад, тўй доштааст.
Пирамард инак дар кабина як пиразанро дид, ки аввал аз паси оинаҳои каме тира чашмаш нагирифта буд. Лаҳзае музтар

пешина
аз 551
навбатӣ