МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Акнун, баъди нисфи рўз, автобус намегардад. Чӣ кор кунад? То Хайробод ҳафтоду панҷ километр! Бахташ тофта, ягон мошини раҳгузар рост ояд, айни муддао мебуд.
Пирамард «се мошин як ҳафта боз аз Хайробод сабўсу кунҷора мекашад», – гуфтани раисро ба хотир оварду аз ҷой хеста, ба айвон баромад. Ҳамсараш, зани тахмин панҷоҳсолаи ситорагарм, ки ба пичаҳояш сафедӣ дамида буд, дар як гўша ҷомашўӣ мекард. Вай ба ин зан, ки шавҳараш дар ҷанг ҳалок гардида, новақт бева монда, маҷбур дар хонаи падараш мезист, бист сол муқаддам, баъде ки модари Мурод аз варами шуш баногаҳ вафот кард, хонадор шуда буд. Мурод он маҳал нав ба ҳашт қадам мегузошт. Ўро ҳамин зан кам надид ва чун ба фарзанди худаш меҳр баста, бе ягон иллату миннат ба воя расонд.
– Хез, очааш, ба ман либоси тоза деҳ. Душанбе меравам...
– Кўча баромада, гапи ёфтаатон ҳамин? Дар ин яхбандӣ Душанбе рафта… чӣ кора буд мекунед?
– Писарат шаб ба хонаи раис занг задааст, ки падарам зуд биёяд...
– Хайрият?
– Намедонам, занак. Хотирам парешон шуд, ба саду як гумон рафтам, – гуфт пирамард ва беихтиёр ба хавозаи токи пеши айвону дарахтони себи рўи ҳавлӣ нигарист, ки дар зери барф монда, мисли одамони кулфатгазида маҳзун метофтанд. – Хез, зуд бош! Ман камтар мева гирам.
Зан дастонашро пок карда, ба хона даромад.
Пирамард сабадча бардошта, сўи анбор рафт. Он ҷо дар се чойқуттӣ хеле себи тирамоҳиро ба реги бехта гўр карда, дар ду бари як болор шаст-ҳафтод сар ангури тоифиро ба мехчаҳо овехта монда буд. Барои ҳар эҳтимол... Чандин сол боз одаташ ҳамин – як қисм себу ангури боғашро то охири зимистон нигоҳ медорад.
Вай ба таки сабадча каме хас партофта, реги аввалин қуттиро ба замин рехт. Ва аз он ду рада себи сурхи бенуқсро якта-якта дар кафи даст пок карда, ба сабадча андохт. Сипас қуттии холиеро чаппа гузошт ва болояш баромада, аз болор чанд сар ангур ҳам гирифт... Сабадча пур шуд. Аз ошхона як дастархони пашмин оварда, ба рўи сабадча партофт ва гирдогирди онро ба эҳтиёт, то ки ангур осеб набинад, ба дарун хаст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо