МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
«Дилам суст шудааст магар…»
Эҳтимол шаллоқ хўрда, саг ин дафъа сахт иринҷид, нолид; баъд якбора сукут кард, – гўё дамаш ба дарун гашт.
Усто Қамчин паллаи дарвозаро тела дод, аммо вай кушода нашуд. Аз роғи он мушкил даст андохта, акнун занҷирро аз зулфин бардоштан мехост, ки ба гўшаш овози каме хастаи Хадича расид:
– Ҳозир...
«Интизор барин, а!» – гуфт ба худ усто Қамчин.
Шарфаи пои Хадича то пушти дарвоза омада, зуд қатъ гардид.
– Ҳозир...
Сипас як паллаи дарвоза ғиҷиросзанон боз шуда, нигоҳи ҳолпурси усто Қамчин ба рўи Хадича давид. Ва аз чашмони чўкидаву ранги коҳидаи ў дилаш фишор хўрд.
«Пир шудааст, болои ин ғами Наврўз...»
Ба вай нохост чунин намуд, ки сараш сабук гирд гашта, ҳама аъзои баданаш гўё дар дами оташ месўзад. Ва ў ситораҳои бағоят дурахшони бешуморро мебинад, нафаси гарми Хадичаро қариб ҷисман эҳсос мекунад; айнан мисли он ки бисту панҷ сол муқаддам, дар як шаби нарми тобистон, дар зери осмони баланд рух дода буд.
Усто Қамчин чашмонашро зич пўшид.
«Ҳамин замон мегузарад...»
Аз чӣ бошад, ҳар боре ки вай ба Хадича рўбарў шавад, он шаби тобистон лоҷарам дар пеши назараш зинда мегардад. Ва кулли мавҷудот як ҷилои аҷиби кабудфом мегирад.
Ҳоло ҳам аҳвол чунин буд – хаёлаш, ки ба ҳар чӣ нигарад, аз ҷумла пайкари наҳифи Хадича низ… бе гумон дурахши нилгун дорад.
Баъди як нафас ў чашм кушода, белро ба китфи дигараш гузаронд. Ва аз паи Хадича, ки ҷониби кулбааш мерафт, оҳиста қадам бардошт. Сараш дигар чарх намезад. Атроф инак ба ранги асли худ даромада буд.
– То ҳол ғам мехўрӣ? – пурсид усто Қамчин.
Онҳо дар танҳоӣ ҳамдигарро ту мегуфтанд. Хадича ҷавоб надод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо