МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
ОБДОРӢ,
ё худ Кавкабони кабуд
Қисса
1 Ба сар то сари кўчаи дар ин субҳгоҳон хилват боди якзайли форам мевазид. Аз пошнаи тали Тобазор, ки дар самти офтобшинами деҳа чун кўҳпорае қад афрохта, ҳоло ба назар тира ва қадре ҳавлангез менамуд, шуввоси бардавоми об меомад. Омехта ба он бонги паёпай ва мутантани хурўсон осмони деҳаро гўё кафондан мехост.
«Аҷаб тифоқанд ин ҷонварҳо! Ҳамин ки яктааш ҷеғ зад, дигараш ҳам фавран ҷўр шуда, ба шавқ гулў медаронад», – аз дил гузаронд усто Қамчин, ки бел дар китф, дар пеши дарвозаи худ меистод.
Вай ба садоҳои муассири сапедадам фурсате гўш ниҳода, зери лаб табассум кард. Чӣ давлати бузург! Вақте ки кас дамидани субҳро истиқбол гирифта, ба лаҳни он нек эътибор медиҳад, гўё бардамтар мешавад, покизатар мешавад ва ҳатто баинсофтар...
Дар сатҳи осмон ситораҳои парешон акнун ранг бохта, яке аз паи дигаре нопадид мегардиданд. Ва аз он ҷо, аз қаъри гунбади лоҷувардӣ, равшании лухт, фарогир ва аҷаб муқтадир ноаён ба замин фуруд омада, деҳаро дар оғўши нарми худ мекашид.
Усто Қамчин, рўҳаш болида, ба қадамҳои устувор тарафи дарвозаи хурде рафт, ки ҳавлии ў солҳо боз дар муқобили он воқеъ буд. Вай кўчаро рост бурида гузашт ва дар назди ҳамон дарвозаи фарсуда таваққуф кард. Дар нияти паллаашро ба дарун тела додан нав даст мебардошт, ки овози пурхашми саге баромад ва дарҳол фурў нишаст. Усто Қамчин як қад парида, худро андак пас кашид.
«Хадича-ку саг надошт...»
Ҷонвар, ки яқин ба роҳаташ халал мерасид, аз аввала баландтар фиғон зад. Ва усто Қамчин дарёфт, ки саг на аз ҳавлии Хадича, балки як боғ поинтар, аз ҳавлии Холназару Акрами муаллим меҷакад. Вай аз он ки ғафлатан тарсида, худро беихтиёр қафо кашид, ногузир шарм дошт ва ҳис кард, ки нармаи гўшҳояш метафсанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо