Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– гўён худро ба тарафи Усмон Азиз андохт.
Аммо ҳамон кампири нуронӣ ва ду-се зани дигар ўро маҳкам дошта, пеш рафтан намонданд. Сабоҳат, қарсаш ба пушти гардан лағжидаву мўяш парешон гардида, даступо мезад, мегирист. Зор-зор гириста, дилхарош мегуфт:
– Сар диҳед маро! Сар диҳед... Бигузор дар қатори онҳо маро ҳам овезад ин босмачӣ! Маро ҳам ба хун оғушта кунад, маро ҳам пўст канад...
Усмон Азиз хомўш буд. Қамчинашро дар байни панҷа бозӣ доронда, дар миёнаш аз як паҳлу шамшеру аз паҳлуи дигар маузер, ба табассуми заҳррез, балки ҳақоратомез бардорузани Сабоҳатро зери назар мегирифт. Вай чунон лоқайд менамуд, ки гўё аз ҳоли забуни зан хоса ҳаловат мебурд. Сабоҳат инро яқин ҳис мекард ва аламаш зиёда гардида, аз дилу ҷигар фарёд мекашид:
– Лаънати худо бод ба ту беимон! Илоҳӣ дар гўрат чаппаву роста шав ту золим! Дар оташи дўзах сўхта-сўхта, ҳеҷ намур ту гурги хуношом!
– Ором бош, духтарам, худатро бой надеҳ, қадратро паст назан. Вагарна, болои сўхта намакоб, шират мегурезад, бемор мешавӣ, – низ оби дида рехтаву оринҷи ўро сар надода, илоҷи хайр меҷуст пиразан.
– Бас, Сабоҳатҷон, бас, – мегуфтанд занони дигар ҳам.
Аммо вай ба овози баланд гириста:
– Не, не-е, ҷаллод инҳо, аз ҷаллод бадтар... – гўён пайваста мекўшид аз панҷаи онҳо раҳо ёбад.
Ҳоли табоҳи занашро дида, Юнус дарун-дарун месўхт.
Лекин намедонист чӣ кор кунад. Дастонаш маҳкам баста буданд. Бар замми дард думмал, дилаш беҳузур шуда, сараш кам-кам чарх мезад.
Вай аввал ба ҷониби Анвар ва сипас ғазаболуд ба рўи Усмон Азиз як назар афканду хуни ба кунҷи лабонаш таровидаро лесида, ба замин туф кард. Ва тамоми қувваашро истифода бурда:
– Сабоҳат! – гуфт.
Овозаш таъсирнок ва дар айни замон ба дараҷае илтиҷоомез буд, ки одамон ҳама дам ба дарун гирифтанд.

пешина
аз 551
навбатӣ