Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Аз ҳаддат нагузар, номард! – гуфт Анвар ва қадаме ба пеш партофту қариб буд дар замин афтида, мувозинаташро базўр нигоҳ дошт.
Усмон Азиз, аз ғояти ғазаб як дасташ гиреҳ шудав ва дасти дигараш тозиёнаро сахт фишурда, лаҳзае ба рўи вай чашм дўхт. Нигоҳаш чунон оташбор буд, ки гўё мехост пайкари Анварро саропо сўхта, хокистарашро бод диҳад.
– Мард кисту номард чист, ҳоло ба хубӣ мебинем, паҳлавон, – гуфт ў сипас. – Лекин ту... кўрнамак ту!
– Кўрнамак будан аз ватанфурўшӣ беҳтар аст.
– Чӣ? Чӣ гуфтӣ?!
– Ватанфурўш гуфтам!
Усмон Азиз дар қайди ғазаб ба қиёфаи вай боз каме вазнин нигоҳ карда:
– Ту ҳанўз беақлӣ, – гуфт то ҳадде мулоим, – бачаӣ... Аз куҷо медонӣ, ки ватан чисту меҳраш кадом аст.
– Аммо ман як чизро нек медонам; медонам, ки ҳазор ҷон канӣ ҳам, ватанро дар қоши зин бурда наметавонӣ. Вай анбони тилло не...
– Даматро гир! – наъра кашид Усмон Азиз, ки аз ин сухани ў дунё дар назараш торик мешуд.
– Ту ҳам бас кун, марди худо, – гуфт Комрони деққон. – Ба инсоф биё, шайтонро ҳай зан...
– Не, амак, маълум, ки вай аз нияти ифлосаш гаштан намехохад, – гуфт Анвар дар табассуми талх. – Вай, охир, аслан одам не, даранда аст.
– Даматро гир гуфтам ман ба ту косалеси дирўза!
– Алам мекунад, а?..
Дар болои ҳамин гап ба ҳавлӣ як тўда зану мард даромаданд. Ҳама дар ҳаяҷон буданд. Анвар, дили шўридааш таптап зада, ба онҳо умедвор рўй овард. Вале нигоҳи беқарораш, ки аз байни одамон Таманноро меҷуст, ба ҷои ў Сабоҳатро дарёфт. Хоҳари меҳрубонаш ҳоло бе кўдак омада буд.
Вай гаранг-гаранг гоҳ ба сўи шавҳараш ва гоҳ ба симои Анвару Каромат чашм давонда, дар бари як кампири нуронӣ каме истоду нохост:
– Ту ба онҳо чӣ кор кардӣ, ҷаллод? Чаро додари ман ин қадар афгор? Барои чӣ сару рўи шавҳарам хунолуд? Саги девона барин дар куҷоҳо гашта-гашта, акнун пайдо шудиву боз дор сохтӣ, манор сохтӣ?..

пешина
аз 551
навбатӣ