МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Замин ҳама оби раҳматро дар мағз-мағзи хеш фурў бурда, инак ба ҷилваи саҳарии дарахтони яке пургулу дигаре акнун баргкушода ва сабзаҳои зумуррадгуни ҳаёт аҷаб шукуҳу шаҳомат дошт. Ва ба назар чунон сокин, бурдбор ва батамкин метофт, ки Усмон Азиз ҳастии худро дар нисбати он ба мисли зарра хурд, нотавон ва аз ҳама бадаш, як унсури дар ин муҳити беғиллу ғаш зиёдатӣ пиндошт.
Вай боз ба паҳнои боғ ва дару девори хонаи падариаш нигариста, табъи дил нафас рост кард. Сипас ба гўшаш фириқ-фириқ бинӣ афшондани асп расиду беихтиёр тоб хўрд.
Тоб хўрда, чашмаш дар зери собот ба сиёҳмушкин афтид.
Ҷонвар дар бари ҷирани Анвар истода, бетоқат ба охур сар мезад. Онтарафтар ду аспи дигар ёл афшонда, гоҳ-гоҳ пой мекўфтанд. Чунин менамуд, ки гушнаанд, дарғазабанд... Қурбон охури онҳоро аз нешхўрд тоза мекард. Баъд вай ба пеши ҷонварон даста-даста гулбеда партофт. Кафали якеро сила карда, ба ёли дигаре панҷаи навозиш бурд. Дар хаёли Усмон Азиз ба лабони беҳисси ў ҳатто як ифодаи монанд ба табассум давид; гўё аз фараҳ давид...
– Қурбон!
– Лаббай, ака.
– Ғуломҳусайн куҷо рафт?
– Ҳолӣ меояд. Вай дар назди оғил, навбаташ буд...
– Фармудаи ман чӣ шуд?
– Ҳамааш тайёр, – гуфт дар ҷавоб Қурбон, ки ба сари китф туфанг, акнун дар рўбарўи хоҷааш алиф барин қад кашида меистод. – Карасин ана, дар поини суфа. Дигараш ҳам... – ангор иҷборан овоз бароварда, ба яке аз чор тути қатор ишора намуд вай.
Усмон Азиз баргашта, дар се шохи паҳлу ба паҳлуи наздиктарин тути бузурги балхӣ се арғамчини нўкашон ҳалқаро дид. Онҳо ба пиндор гўё се мори афъӣ буданд, ки аз баландии дарахт оҳиста ба поин хамбида, дар интизори тўъмае гардан каҷ мекарданд. Дар замин, дар таки ҳар ресмон – ё мор! – яктаӣ кундаи ғафс меистод.
Аз ин манзара дилаш таҳ кашида, Усмон Азиз саропо қадре ларзид. Аммо фавран худро ба даст гирифта, боз ба Қурбон нигарист; чашмони калони сиёҳаш дар сояи мижгони зич ғамгин ва дар айни замон бетараҳҳум буданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо