Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо ҳайҳот... Вай на танҳо ба мақсад нарасид, балки асири душмани маккор гардида, то ин дараҷа хорӣ мекашад. Ва намедонад, ки рўзи фардояш ба чӣ меанҷомад.
...Борон мебориду меборид. Юнуси раис ва Каромати муаллим сухане намегуфтанд; онҳо гўё дар назди Анвар асло ҳузур надоштанд. Дар куҷоҳо раъд бахашм гулдурос зада, барқ синаи абрҳоро чок мекард. Ҳавои оғил вазнин, ғализ ва тоқатфарсо буд.
Анвар дар зери обу арақ монда, беҳолу мадор менишаст.
Собунаки тирхўрдаи пояш дарди сўзон дошт; андаруни он гўё пораи алмос ҷой гирифта буд, ки беҳад озор медод. Дар чашмони хастааш гармии хобу дар ҷони афсурдааш бори гарони ҳасрат, вай дар қабзаи зулмот…
Чун дар олами рўъё симои ҷаззоби одамони ба дилу дидааш азизро медид.
Аммо аз ин чӣ суд?
Муаллими воқиан ҳам мушфиқи ў Шафқат Рамазонов беҳуда намегуфтааст, ки ҳушёр бошед, дўстони ҷавонам, инқилоби мо ҳанўз душмани бисёр дорад...

17 Офтоб ҳоло сар назада, Усмон Азиз хаставу шалпар аз хоб хест. Даме ба саҳни ҳавлӣ чашм давонда, дуру дароз хамёза кашид ва ба димоғи сўхта, дар як эҳсоси нохуш, ки худ аз он дар ҳайрат буд, ҷомаашро ба китф партофту аз лаби суфа офтобаи пуробро гирифта, ба ҷониби мабраз рафт; дастурўй шуст, бафурсат таҳорат кард. Ва ба айвон баргашта, зарфи акнун нимаро дар ҷояш монду аввал хост, ки намоз гузорад. Вале ҳамоно ин корро беҳуда донист. Модом ки дар тўли қариб як моҳ ибодат накардааст, имрўз ҳам намоз нахонад, осмон омада ба замин намечаспад. Парвардигор аҳволи ўро медонистагист; дар дилаш чӣ ғаму аламҳо хона гузоштаанд, пай мебурдагист. Ва фардо, рўзи қиёмат, аз ин гуноҳаш сарфи назар ҳам мекардагист.
Вай зери лаб хандид; талх хандиду сарулибос пўшида, аз зинаҳои сангини айвони дароз ба рўи ҳавлӣ фуромад.
Осмон беабр, кабудфом ва ҳаво софу серун буд. Аз бороне ки тамоми шаб меборид, дар гирду атроф гўё асаре наменамуд.

пешина
аз 551
навбатӣ