МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Чӣ мехоҳӣ?
– Аввал ҷамолатро нишон деҳ, ки мани бандӣ рўбарў истода, ба ту озод арзи дил кунам.
– Ёфтӣ одами сирф бефаҳматро, – ба тамасхур хандид Қурбон.
– Натарс. Ба худо қасам, ки мо ҳаргиз нияти бад надорем, – гуфт Юнус. – Як лаҳза кушо ин дари сабилро. Мақсадам – фақат ду даҳан гап задан ба ту.
– Кошкӣ аз лақидан ягон баҳра бошад!
– Ба ҳар ҳол кушо... Ҳамааш аз худат вобаста: хоҳӣ, баҳра мебарӣ, нахоҳӣ...
– Мағзамро афшонда, ба дастам додӣ, – дарқаҳр сухани ўро бурид Қурбон ва танбаашро бардоштаву қуфлашро канда, дари оғилро боз кард; туфанг ба даст, дар остона амонат нишаста, ба ҳамон шаст илова намуд, балки лорайб фармон дод: – Гап зан!
– Ту ин гуна бадқаҳр набудӣ-ку...
– Зиндагӣ бадқаҳр кардааст маро.
– Зиндагӣ не, худат гунаҳкор.
– Чаро ман гунаҳкор будаам? – ба чеҳраи дар торикӣ базўр намоёни Юнус теғ кашида нигарист Қурбон.
– Барои он ки камбағал бошӣ ҳам, дар ғами давлату савлат нагардӣ ҳам, фирефта шуда, ба як сари сахтат аз паи Усмон Азиз рафтӣ.
– Ба фикри ту куҷо равам буд?
– Ба ҳеҷ куҷо.
Қурбон ба маънии «аҷаб одами содаӣ ту» аламдор хандида, туфангро ба дасти дигараш гирифт.
– Чӣ, дар ҳамин деҳаи фалакзада монда, ба китфам тўрба андохта, дар ба дар гардам, аҳволам беҳтар мешуд?
– Аввало ин ки Нилу ҳаргиз ҷои фалакзада не: зодгоҳат!
Сониян, ба ту кӣ гуфт, ки тўрба бардошта мегардӣ?
– Агар не, чӣ кор мекардам? Хонаву дарам набуд. Аз як парча замину ду-се сар чорво ҳам худо мани бадбахтро кам дид. Боз ҳазор раҳмат ба хўҷаин, ки маро ҳамроҳаш бурд.
Дар ҳар сурат шикамам сер, танам бутун...
– Наход инсон аз модар зоида шуда, фақат ғами шикамашро хўрад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ