МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Дар ин дунёи бевафо шиками сер ҳам давлат аст.
– Лекин ту барин камбағалони дигар нагуфтанд, ки сер бошем, кифоя... басу барзиёд.
– Чунки онҳо ба сари худ, вайрона бошад ҳам, кулбаву коза доштанд; зану фарзанд доштанд. Ман чӣ... як хизматгори беҷулу пўстак.
– Дурўғ мегўӣ, Қурбон! Дар ин диёри ҷафодида мардуми бекулбаву коза, безану фарзанд, ба қавли худат... беҷулу пўстак бисёр буданд. Лекин онҳо ғайр аз шиками серу тани бутун боз ҳаққу ҳукуқ мехостанд. Дар таки пои ду-се тавонгару амалдор ба хоки зиллат наҷўлида, инсонвор зиндагӣ кардан мехостанд. Қадру қимати худро аз ҳама боло гузошта, сидқан мегуфтанд, ки мо одамем, бояд озод бошем...
– Хайр, баъд чӣ шуд?
– Магар намебинӣ? Ё кўрӣ?
– Гапатро дониста зан. Ман таҳтан кўр нестам. Дидаву шунида, ақлам фақат ҳаминро гирифт, ки пеш агар бандаи камбал ба даргоҳи одами доро хизмат кунад, акнун барои кофирон заҳмат мекашад.
– Ту инро дар куҷо дидӣ, аз кӣ шунидӣ?
– Як бор гуфтам, ки бисёр налақу ба сари мақсад биё.
– Ман ҳеҷ мақсад надорам.
– Пас барои чӣ илтимосу илтиҷо карда, дари ин оғили зормондаро яла кунонда, маро беист ба гап мекашӣ?
– Аз он ки ба ту раҳмам меояд.
– Яъне аҳволам хеле бад аст?
– Ман ин тавр нагуфтаам. Аммо ту беҳуда ба кўи ғарибӣ рафтӣ; беҳуда тарки ватан кардӣ.
– Чӣ, агар тарки ватан намекардам, дар қатори шумо гашта, оқибат шох мебаровардам?
– Мо шох набаровардаем, лекин одам барин рўз мегузаронем. Ниҳоят ба озодӣ расидем, соҳиби замин шудем...
– Ин ба ман дахл надорад.
– Барои чӣ?
Ҳамин дам аз дари боз ногаҳон ба оғил шуои тези кабудфом давида, сар то сари онро лаҳзае равшан кард ва... фавран гум шуд. Баъд рост дар болои бом раъд чунон гулўла андохт, ки аз зарбаш осмон гўё дукафон гардида, деворҳои сангин ба ларза омаданд; болору вассаҳои мустаҳкам ба таҳдид ғиҷирос заданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ