Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Бо вуҷуди ин озмуда мебинем. Ягон бўи умед ояд, айни муддао. Дар акси ҳол...
Юнус боз хомўш монд.
– Ха-айр, – мад кашид Анвар, ки изтиробаш ҳеҷ паст намешуд.
Пас аз фурсате Юнус аз ҷой хест ва дар торикӣ пеши пояшро санҷида-санҷида, назди дар рафт. Борон шарос зада, муттасил мерехт. Аз кадом гўшаи осмон раъд ғурида, садояш ба гирду атроф танин андохта, дар хаёли Анвар деворҳои сангини оғилро қадре ларзонд. Яқин барқ ҳам ҷаҳид. Вале ба роғи дар заррае равшанӣ нағалтид: тундар акнун эҳтимол дар дуриҳо мехурўшид.
Юнус як дам ба берун гўш дода, баъд Қурбонро ҷеғ зад.
Мулоим буд овозаш, мудоро мехост. Лекин ҷавобе наомад.
– Қурбон! – гашта такрор кард Юнус.
– Чӣ мегўӣ? – омехта ба шар-шари борон пурсид вай аз пушти дар.
– Худат танҳоӣ?
– Чӣ буд?
– Зиқ нашудӣ?
– Аз чӣ зиқ шавам?
– Аз танҳоӣ.
– Ман танҳо нестам...
– Чӣ хел танҳо нестӣ?! Шаш соли умрат дар ғарибӣ гузашт. То ҳол албатта зан ҳам нагирифтагистӣ. Ё чӣ, танҳоӣ аз ин зиёд мешавад?
– Ту ғами худатро хўр.
– Хайр, – гуфт Юнус ва чӣ тартиб ба сари мақсад омаданро надониста, таваккал пурсид: – Барои чӣ намемонед, ки мо дар берун қазои ҳоҷат кунем? Шумо мусулмонед?
– Алҳамдулиллоҳ, мусулмонем... Аммо хўҷаин ҳамин хел фармудааст.
– Ту аз дасти вай чӣ рўзи равшан дидӣ, ки ба ҳар гапаш гўш медиҳӣ?
– Дар ин хусус бисёр налақида, дарди дилатро кушоду равшан гуфтан гир.
– Итоат…

пешина
аз 551
навбатӣ