Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз чашмони сиёҳи ғамнокаш ришта-ришта ашк заҳида, ду рухсори аз ғояти ҳаяҷон суп-сурхашро якзайл тар мекарданд. Аммо ў ҳама вуҷудашро ба фаромўшӣ дода, танҳо ба одамони таки айвону саҳни ҳавлӣ менигарист; дар сари гирдгардонаш саду як тасаввур, пайкари зебояш ларзида ва дили то ин саҳари шум пурорзуяш об шуда, ба ҳасрат менигарист.
Шахси аз ҷон азизтараш Анвар... куҷост вай? Чӣ ҳол дорад? Барои чӣ ўро бандӣ кардаанд? Чӣ мехоҳанд аз вай?..
Ниҳоят гуфтугўи раис ва Усмон Азиз ба охир расид магар, ки он барзангии ношиносу Қурбон аз канори суфа бархоста, назди Юнус рафтанд. Лекин боз гапгузаронӣ шуд. Баъд Юнус фўтаашро кушода, ба тарафи Қурбону шарикаш партофт. Ва онҳо дастони раисро ба рўймоли худаш дар пушт баста, ўро зуд пеш андохта, ба ҳавлии берун бурданд.
Таманно инро дида, дарун-дарун месўхт, аммо чӣ кор карданро намедонист. Дар рўбарўи Усмон Азиз акнун Зариф Барака ва ҳамон ду нафар деҳқоне ки вазъияти деҳаро фаҳмида, аз дашти Пойгаҳҷо ба Юнус якандеш омада буданд, паҳлу ба паҳлу истода, гоҳо гап мезаданд. Усмон Азиз такя ба болин оварда, низ чиҳое мегуфт.
Вале Таманно сухани онҳоро ҳамчунон фарқ карда наметавонист. Ў фақат як садоро баръало шунид:
– Дафъ шавед, ки дигар набинам афти ҳароматонро!
Ин овози Усмон Азиз буд.
Духтар, оби дидааш шашқатор, ҷонсарак қафо гашт... Вай чӣ кор кард? Аз паи акаи Юнус ба умед то дашти Пойгаҳҷо рафта, ўро ба деҳа оварду ана – гўё худаш ба дасти онҳо супурд. Бале, худаш... Маҳз ба гуноҳи ў, Таманно, ин хел осон гирифтор шуд акаи Юнус! Шумхабар будааст ў, шумтолеъ! Ситораи бахташ яқин тира гардидааст. Наход вай дигар ба рўзҳои нек нарасад? Наход ба Анвар ягон ҳодисаи бад рўй диҳад?.. Худоё, агар ҳастӣ дар ин дунёи равшан, нолаҳои дили афгори ўро шунав, ба ҳолаш раҳм кун, ҳомӣ шав.
Анварашро дар паноҳат нигаҳ дор! Ба Каромати муаллиму акаи Юнус ҳам осебе нарасон...
Таманно худ ба худ чунин мегуфт ва бадтар дар азоб монда, аз миёни ҷўяҳои ток, баъд... аз тангкўчаи хилват ба сўи хонааш мешитофт.

пешина
аз 551
навбатӣ