Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай, ки аз раҳи лой, пур аз кўлмак, беодам, аз байни алафҳои баланд ва ҷўяҳои ток тохта-тохта меомад, ниҳоят дар пушти девор таваққуф намуд. Ва ҳатто нафас рост накарда, аз рахнаи калони бороншуста ба саҳни ҳавлӣ нигарист. Дили дар қабзаи тарсу изтироб бенавои ў гуп-гуп тапида, садои он гўё аз синааш берун меҷаст ва ларзида-ларзида, дар фазои боғоти саросар сабзу хуррам гум мешуд.
Таманно лабони аз кўфти роҳ каме парсинбастаашро зери дандон гирифта, вазнашро бетоқат аз як пой ба пои дигар меандохт; даст ба рўй мебурд; пичаҳои сунбулашро беихтиёр ба пушти гўшҳояш мехобонд; дам ба дам тугмаи гиребонашро дошта, гўё месанҷид – бастаанд ё не?.. Вале аз саҳни ҳавливу таки айвони дароз, ки он ҷо дар ҳалқаи чанд нафар Усмон Азиз менишаст, лаҳзае чашм намеканд.
Вай хунук мехўрд.
Ягон соат пеш борон монда бошад ҳам, либосаш ҳанўз хушк нашуда буд. Кафши кўҳнааш битамом тар, гилолуд.
Ба ҳар ҷо-ҳар ҷои пойҷомаву домани куртаи сафедаш низ лой чарахса кардааст...
Таманно ҳамчунон дар бари девор меистод. Гоҳо қомати ниҳолвор нозуки ўро ларза мегирифт. Ва духтар ин эҳтизози ногуворро маҷбур дар худ фурў нишонда, ба даруни ҳавлӣ менигарист; ҳама тан гўшу ҳуш мегардид.
Юнуси раис дар иҳотаи Зариф Барака ва ду ҳамроҳи дигараш дар пеши суфаи айвон ба по буд. Вай аз паст ва Усмон Азиз аз боло ба ҳам гуфтугў доштанд. Овози онҳо пахшхўрда меомад. Таманно чизе фаҳмида наметавонист: масофа ба ҳар ҳол дур буд. Бар замми ин аз болои сараш гунҷишкон парида, ё дар рўбарўяш аз дами бод шохаҳои дарахти чормағз ҷунбида, ба сомеаи духтар халал мерасонданд; дар хаёли ў ҳатто гуп-гупи ноороми дили хунгардидааш низ душманӣ мекард.
Вай сухане намешунид.
Барои чӣ гуфтугўи онҳо ин қадар дароз?..
Худаш бехабар, панҷаҳои гирои Таманно рахнаи деворро дошта, дар лой олуда буданд.

пешина
аз 551
навбатӣ