МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Модарат чӣ?
– Он кас ҳам хубанд.
– Пас ту тайёрӣ?
– Бе чуну чаро...
– Аз ҳисоби камсамолонат чанд касро ҳамроҳ гирифта метавонӣ?
– Панҷ-шаш нафар ҷангдида ҳастанд, лекин силоҳ надоранд. Ғайр аз ин… баъзе аз онҳо пои пиёда.
– Силоҳ меёбем, – гуфт Амонов, ба сардори милиса чашм дўхта. – Асп ҳам... Шуморо ба аспу силоҳ ана... рафиқ Каримов таъмин мекунад. – Ва боз ба Анвар рўй овард. – Худат чӣ?.. Асп дорӣ. Ба гумонам, ҷанг надида бошӣ ҳам, тират ба нишон мерасад.
– Каму беш, – сар ҷунбонд Анвар, беихтиёр ба ғилофи наган даст бурда.
– Тирандозии ўро ман борҳо санҷидаам, – гуфт Каримов, мўйлаби ғулии зардчатобашро қаноатманд сила карда. – Аз ин ҷиҳат осуда бошед, бехато мезанад.
Амонов, ки аз чеҳраи гандумгун ва ҳаяҷонгирифтаи Анвар чашм намеканд, даме хомўш нишаста, ниҳоят аз байни дуди папирос қатъӣ ба сухан омад:
– Хуб, пас то сари субҳ ҳамон панҷ-шаш нафари гуфтаатро ҷамъ оварда, як дастаи мусаллаҳ тартиб медиҳӣ. Дараи Оҳугузар то худи деҳаи Нилу дар ихтиёри шумо мемонад. Ту он ҷойҳоро нағз медонӣ. Нилу зодгоҳат, бо вуҷуди ин эҳтиёт бош. Аксар кормандони райком ва идораҳои дигар низ ба ду даста тақсим шуда, тарафи шимолу шарқи кўҳи Чилчароғро зери назорат мегиранд. Ба осудагии деҳоти ҷануби ноҳия рафиқ Каримов ҷавобгар аст. Одамони ин кас тахмин ним соат боз дар роҳанд. Дуруст мегўям? – пурсид Амонов, ба сардори милиса нигариста.
– Бале, – сухани ўро тасдиқ кард Каримов. – Ман худам саҳарӣ ба раҳ медароям.
– Фаҳмидӣ албатта… вазифаи шумо ҳам душвор.
– Фаҳмидам, – гуфт Анвар, ки аз симои котиби райком як олам эътимоду меҳри бародарона мехонд.
– Пас ҳоло аз паи кор шав.
Анвар бархост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё