Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дигар чӣ кунад? Осон не, охир – талвосаи ҷон! Аксарияти ҳамсафонаш ихтиёран таслим шуданд, қисме гурехтанд, қисме ба ҷаҳаннам рафтанд. Қисса кўтоҳ, имрўз ҳомии ислом дар миёни чанд косалеси хуношом деҳ ба деҳу дара ба дара гашта, илоҷи халосӣ меҷўяд. Аммо нест акнун соҳили наҷот. Ҳамаи роҳҳо бастаанд дар пеши он шағол! Вай худаш ҳам инро нағз мефаҳмад; мефаҳмад, ки рўзаш башумор мондааст.
– Барои ҳамин ба қўрбошиҳо истиқлол дода, тавонед, халос хўред аз чанги куффор, рафту натавонед… аз тақдиратон донед гуфтааст, – ба гап ҳамроҳ шуд сардори милиса.
– Бале... – Амонов аз бари миз хеста, дар рўи фарши гилӣ каме қадам зад ва боз ба ҷояш омада, аз қуттии пеши чароғ як дона папирос гирифт. Баъд онро дар байни ангуштонаш тоб додаву мулоим карда, ба сухан давом намуд: – Азбаски ноҳияи мо дур аст, дар мубориза бар зидди Ироҳимбек иштирок надоштем, ба ин ҳоҷат ҳам набуд. Аммо имрўз вазъият тағйир ёфтааст. Хабар омад, ки баъзе дастаҳои парокандаи Иброҳимбек аз Боботоғ гузашта, ба кўҳҳои мо дохил шудаанд. Онҳо бе гумон як мақсад доранд: агар тавонанд, раҳораҳ аз мардуми бегуноҳ алами худро ситонда, ба илоҷе то Келиф расида, пас дарёро убур кунанд. Гўё дар он ҷойҳо сарҳад бесоҳиб аст. Ақлашонро нахўрда бошанд...
– Гушна ба шер задааст, – хандид сардори милиса.
– Рост, одамизод… ба танаш оташ афтад, шиноварӣ карда метавонад ё не, ҷониби дарё метозад, – гуфт Амонов, папиросашро даргиронда. Баъд боз ба Анвар нигарист. Ин дафъа қадре кушода буд чеҳрааш. Чашмони калон-калони ў дар зери абрувони сиёҳи ғафсаш равшан ва хеле зинда метофтанд. Партави чароғ ба як бари рўи сергўшташ афтида, онро боз ҳам сафедтар менамуд. – Хулоса, мо қарор додем, ки ба таъқиби аскарони сурх нигоҳ карда нашишта, чун солҳои пешин… ба меҳмонони нохонда худамон машғул шавем.
Чӣ гуфтӣ?
– Дуруст, – ҷавоб гардонд Анвар.
– Саломатиат чӣ тавр?
– Бад не, – лабханд кард ў.

пешина
аз 551
навбатӣ