Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

якеро ба фиреб ғорат кунанд, буду шуди дуюмиро ба зўрӣ мебаранд. Бинобар ин вай, Аваз Карим, аз ҳукумат хоҳиш дорад, ки ба ў ва ҳамроҳонаш тиру туфанг диҳад; вай акнун душмани онҳо! Бале, лафзи ҳалолашро ба эътибор гирифта, силоҳ диҳанд, кифоя. Чӣ қадар лозим бошад, вай худаш одам ёфта, аспу улав ёфта, ба ҷанги онҳо мебарояд. Ва то даме ки ғолиб наояд, ё кушта нашавад, шамшери адолатро аз даст намегузорад.
Ҳамин тавр, ё тахмин ҳамин тавр мегўяд Аваз Карим ба дарду алам. Баъд илова мекунад:
– Ба ин тарафаш ман агар пулу моламро диҳам, ба чор мардуми камбағал медиҳаму... лекин ба махлуқони беимон дигар тоқати хизмат кардан надорам. Дуздони шабгарданд онҳо, бедину диёнатанд, ғоратгарони хуношоманд. Ва ман акнун душмани ҷони онҳо!
Кормандони ревком пас аз каме мулоҳизаву мунозира ба дархости ў розӣ мешаванд.
Аваз аз ҳисоби фарзандон, ёру дўстон ва ҷонибдорони худ як дастаи бисёр банизом ва мусаллаҳ тартиб дода, ба ҷанги Иброҳимбек мебарояд.
Усмон Азиз ғалабаҳои ўро чандин бор шунида, рўз то рўз хобу хўрро гум мекард. Ба хусус, ки номи Аваз тадриҷан вирди забони ҷамоати камбағал мегардид. Онҳо имрўз дар бораи саховати вай гап зананд, пагоҳ мегуфтанд, ки офарин ба Аваз Карим, марди ҷасур будааст, дар дашти Арзанак қариб нисфи одамони Хуррамбекро аз дами теғ гузарондааст. Хуррам, а! Вай, охир, дасти рости Иброҳимбек...
Ё рўзи дигар мегуфтанд, ки фалон ва баҳмон босмачиҳо гурехта, ба дастаи Аваз ҳамроҳ шудаанд. Онҳо барои кадом як зулмаш аз Иброҳимбек қасос гирифтанианд...
Усмон Азиз баъди ин кори Аваз Карим, ки ба қавли мулло Салим, имоми масҷиди Нилу, ба макри шайтон даромада буд ва бояд дар оташи дўзах гаштаву баргашта месўхт, боз қариб як сол ба рафти зиндагӣ зеҳн монда, ҳама воқиаҳои вобаста ба инқилобу муборизаи аскарони сурх ва фидоиёнро дар арсаи ҳаёти нав ба чашмони худаш дидаву ба ақлаш санҷида, оқибат қарор дод, ки дар зодгоҳаш дигар намеистад; истода наметавонад. Аз корбандиаш маълум – ҳукумати шўро бақувват аст, вай ҳатман ғалаба карда, амиқ реша медавонад.

пешина
аз 551
навбатӣ