Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Интизори бозгашти айёми рафта, интизори нафаси озод, интизори қасос ва ниҳоят... он рўзи саид, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад. Вай дар ин муддат кӣ будани кушандаи додарашро дониста буд. Ва ташнаи як чумча хуни ў мегашт. Умед дошт, ки фурсате меояду вай бе тардид ба он бадгавҳар дастбагиребон мешавад; савори асп, танҳо ба танҳо ва мардона!
Вале ин тавр нашуд.
Зиндагӣ ҳазорҳо маротиба аз вай бақудраттар буд. Дар маҷрои он харсангҳо орд мегардиданд. Саворони бодбасар, ки ҳама умр аз дороии худ зўру тавон меёфтанд, ба силсилаи мавҷҳои он печида, чун параха қурбони гирдобҳо мешуданд.
Бо вуҷуди ин одамон бе чуну чаро зиндагӣ мехостанд; мехостанд, ки фардои онҳо равшан ва бехатар бошад. Мардуми камбағал як тараф истанд, ҳатто тавонгарони батадбир гирудори худро беҳуда дониста, аз тарс буд, ё аз раҳи ақл – инаш барои Усмон Азиз торик, – лоҷарам ҳаводори ҳукумати шўро мешуданд. На фақат дар сухан, балки дар амал ҳам онро дастгирӣ мекарданд.
Дар водии Гардон Аваз Карим ном марди давлатманде буд, ки ҳисоби боигариашро эҳтимол худаш намедонист. Аз рўзе ки амир гурехта, Иброҳимбек ва монанди ў дигар додхоҳони дину оин ва тарафдорони амиру аморат сар бардошта, ба аскарони сурх ҷанг эълон карданд, вай ба онҳо мунтазам мадад мерасонд. Пул медод бедареғ, аспу одам медод, каҳу ҷав медод, нон медод, гўшту равған медод. Ва бисёр воқеъ мешуд, ки кушоду равшан, аз ҳукумати нав натарсида, ба ҳар кадоме сарпаноҳ низ медод.
Аммо рафта-рафта кори дунё чунин сурат гирифт, ки ҳамин Аваз ногаҳон пўстинашро чаппа пўшида, ба Иброҳимбек ва одамони вай душмани қаттол гардид.
Усмон Азиз шунида буд, ки...
Як рўз Аваз ба чанд тан ёру дўстон ва се писари паҳлавонаш дар идораи ревкоми музофот пайдо шуда, ба овози баланд мегўяд, ки ба онҳо силоҳ диҳанд; мегўяд, ки ғоратгар будаанд Иброҳимбеку пайравонаш. Анварпошшо ҳам, бо вуҷуди ширинзабониҳо, аз вай бартарӣ надошт, ҳамаашон айнан дузди шабгард барин. Мегўяд, ки бале, онҳо дузданд, дуздони мусаллаҳ...

пешина
аз 551
навбатӣ