Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Лаббай!
– Аз куҷо омадӣ?
– Аз деҳи Дизак.
– Чӣ овардӣ?
– Мағзу донак...
– Мурод!
– Лаббай!
– Кай омадӣ?
– Ҳамин саҳар.
– Боз чӣ овардӣ?
– Ҳалвои тар...
– Мурод!
– Лаббай!
– Натарсидӣ?
– Аз чиҳо?
– Аз деву аҷинаҳо.
– Омадам ман ба дарё...
– Мурод!
– Лаббай!
– Куҷо шуд мағзу донак?
– Мондам дар пеши камар.
– Кӣ мехўрад?
– Бобоназар.
– Кай мехўрад?
– Бегоҳтар...
– Мурод!
– Лаббай!
– Бузаки ҷингилапо мақбул аст, ё мурғаки парпо?
– Бузаки ҷингилапо...
Ҳама якбора ду даст ба чаккаашон бурда, бузаки шохдорро тақлид мекарданд ва ба Мурод ҳуҷум оварда, ўро шох задан мехостанд. Лекин Мурод дар дохили давра истода, чолокона ягон нафари гаранг… масалан, Анварро медошт.
Ва бозӣ аз нав оғоз меёфт.
Анвар ҳам дар ин бозӣ ва ҳам дар дигар бозиҳои хуши бачагӣ мекўшид пайваста дар паҳлуи Таманно бошад, то ба вай ҳаргиз озоре нарасад. Таманнои аз ў ду-се сол хурд низ ҳамеша хандон худро ба Анвар наздик мегирифт. Гоҳо мешуд, ки рафту писарбачае ранҷонад, мавридашро ёфта, ба Анвар шикоят ҳам мекард...

пешина
аз 551
навбатӣ