Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Инсонро улуми инсонӣ инсон мекунанд, дигар илмҳо дар инсонсозӣ дастёри улуми инсониянд. Аз ин рў, инсонгароии амиқи омўзишу парвариш яке аз шартҳои ҳатмии ташаккули шахсияти миллӣ ва пешгирии ташаккули шахсияти бегонафарҳанг мебошад.
Тахассус ёфтан дар як соҳа, танҳо дар соҳаи физика ё кимиё, молия ё ҳуқук, дар саноат ё кишоварзӣ ва ғайра заминаи маънавии ҳастии инсонро то андозае маҳдуд мекунад, аммо улуми инсонӣ ин маҳдудиятро бартараф ё хеле кам карда, шахсро бо миллат ва башарият мепайвандад, одамият ва ахлоқ меомўзад, шахсияти фарҳангӣ ба вуҷуд меоварад.

Боз яке аз шартҳои асосии чаҳонгароӣ ва шаклгирии шахсияти фарҳангии миллиро гўшрас меоварем.
Чунончи гуфтем, мардуми тоҷик аз нахуст бояд ба ҷилои зоҳирии тамаддуни Ғарб, ба зоҳирписандиву моддигароии аврупоиёну амрикоиён, ба корчаллониву пулҷўии онҳо фирефта нашуда, балки маънавиятҷўӣ аз ҳар фарҳанги бегона биёмўзанд, сар фурў бурдан ба дарунмояи маънавии ҳар фарҳанге ёд бигиранд ва аз фарҳанги аврупоиву амрикоӣ ҳам нахуст маънавият ҷустуҷў бикунанд.
Миллатҳои Ғарб дар тўли асрҳо фарҳанги маънавии бузурге офариданд. Ин маънавияти воло бояд ба дастраси миллати тоҷик қарор биёбад. Миллатро аз он маҳрум набояд дошт. Имрўз, ки падидаҳои фурўмояи тамадддуни кунунии Ғарб ба кишвари мо фаровон роҳ меёбад, ҷавонони мо бисёр пастфитратиҳоро нишонаи асосии фарҳанги ғарбиён дониста, аз паси хусусиятҳои бад ва кирдори ношоями ғарбиён рафта истодаанд. Ин гароиши ҷавонони мо нодуруст аст. Онҳоро бояд некигароишӣ биёмўзем. Мардуми мо бояд аз намунаҳои маънавияти волои ғарбиён огоҳ бошанд, битавонанд онҳоро арзиш бидиҳанд, ба ҷустуҷўи падидаҳои нав ба нави он бираванд.

пешина
аз 351
навбатӣ