Хуросон аст ин ҷо

бояд поя бар унсури худӣ гузошта бошад ва «худӣ» ба «бегонагӣ»
нагузарад, балки «бегонагӣ» ранги «худӣ» бигирад, унсурҳои омада аз фарҳангҳои дигар бояд ба дарунмояи худӣ ҳал шавад, барои неру афзудани худӣ хидмат бикунад.
Ҷомиаи кунунии тоҷикон эҳтиёҷ ба чунин шахсияти фарҳангӣ дорад, ки онро шахсияти миллии ҷаҳоншумул метавон номид.
Моро шахсияте лозим аст, ки амиқан дорандаи фарҳанги миллӣ бошад ва ҷаҳонро низ фаро бигирад.
Ин ду раванди худогоҳӣ ва ҷаҳоногоҳӣ бояд ҳамзамон шурўъ шуда, ҳамзамон идома ёбад. Чунин шахсияти худогоҳу ҷаҳоногоҳ қобил аст аз файзи фарҳангҳои бузурги ҷаҳон тавоноии миллатро афзунтар бисозад.
Ин ҷо «шахсияти миллӣ» ба маънои намояндаи барҷастаи миллат нест, балки ҳар шахсияте ба назар аст, ки фарҳанги миллӣ мағз то мағзи ҳастии ў ҳулул кардааст ва ормонҳои волои милли дар дил мепарварад. Ва ба мақсади миллатпарварӣ огоҳона ҷаҳонгароӣ ихтиёр кардааст. Агар дар ҷомиа ташаккули шахсияти фарҳанг ин миллии маънавибунёд барои худ замина фарох бикунад, миллат аз хавфи ғарбзадагии рўҳӣ ва бегонагароии фарҳангӣ эмин хоҳад монд ё ин хатар хеле кам хоҳад шуд.
Пас, боз суол пеш меояд: барои ин ки ҷомиаи тоҷикон ҷомиаи шахсиятҳои фарҳангии миллии ҷаҳонгарой бошад, шахсияти фарҳангии дугуна пой аз заминаи миллӣ наканад, пайдоиши шахсияти бегонафарҳанг ва бемаслак пешгирӣ шавад, чӣ бояд кард?
Зарур аст, ки посухи ин пурсиш ва пурсишҳое монанди инро низ аз пажўҳишҳои гуногун биҷўем. Ба андешаи банда яке аз роҳҳои шаклгирии шахсияти фарҳангии миллии ҷаҳоншумул он аст, ки шаҳпояи миллӣ дар бинои ҳастии ў аз нахуст ба ғоят устувор бошад, миллият дар вуҷуди маънавии ў чунон нерўе дошта бошад, ки барои калавидан, барои майл ба сўйи бетафовутӣ ё бегонапарастӣ ва ғайра имкон боқӣ намонад, имкон ба ҳадди ақал бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо