Хуросон аст ин ҷо

Бедил бисёр шеър гуфтаанд, вале мақсад аз омўхтани осори классикон фақат ба равияи онҳо шеър гуфтан нест; инчунин кўшише барои ин ки монанди Саъдӣ ё «Самаки айёр» ва ё Аҳмади Дониш наср бинависанд ва ё гап бизананд, корест беҳуда.
Чун мегўем, ки аз устодони бузурги сухан савод ва забон бояд омўхт, мақсад тақлид ба онҳо нест, балки мақсади аслӣ дар ин маврид роҳ ёфтан ба ганҷинаи забон ва ҳикмати асрҳост, то пайванди замонҳо гусиста нашавад, меросбарӣ ва идомакории таърихӣ таъмин гардад. Чун дар садаи бист робитаи мо бо таърихи бузурги худ хеле суст ва дар баъзе мавридҳо канда шуд, забони форсии тоҷикӣ бисёр осеб дид, акнун лозим аст, ки бо гузаштаи худ пайванди ногусастании ҳамаҷониба барқарор бикунем.
Афсўс, ки дар садаи бист ин шеваи омўзишу парваришро, ки дар мактаби кўҳнаи тоҷикӣ буд, рад кардем. Дар садаи бист омўзишу парвариш дар кўдакистон ва мактаби ибтидоӣ поя бар адабиёти бачагонаи муосир (ки бештаринаш пастмаҳак аст) ва матнҳои сустбунёду каммазмун ва ориву барӣ аз арзиши зебошинохтӣ гузошт. Савод ба куллӣ аз андўхтаҳои маънавии асрҳо пайванд бурид. Ва маънои танги маҳдуд пайдо кард.
Ҷоиз медонам боз як бор таъкид бикунам, ки ба шеваи саводомўзии классикии форсӣ-тоҷикӣ баргаштан лозим аст. Бояд дар Тоҷикистон шумораи кўдакистонҳо ва мураббияҳои хуштайёрӣ хеле зиёд шавад ва саводомузӣ дар кўдакистону мактаби ибтидоӣ бояд дар асоси матни асили классикӣ ва классикона (на дар асоси матни хасаки имрўзӣ) ташкил бишавад, кўдакон аз аввал шеър бисёр аз бар бикунанд (ва агар аз кўдакӣ шеър бисёр аз ёд бикунанд, ҳофизаашон бақувват мешавад, шеърро зуд ва беазоб аз ёд мекунанд ва солҳо аз ёд намебароранд ва як умр кам-кам аз маъноҳои баланди он баҳра мебардоранд ва ҳофизаи қавии онҳо барои зуд аз худ кардани дигар илмҳо - ҳандаса, ҷабр, кимиё ва ғайра, формулҳои ин илмиҳо кўмак хоҳад кард). Албатта, тарзи омўзиш, шеваи саводомўзӣ ва забономўзӣ, шеваи аз бар кардани порчаҳои бадеъӣ набояд ки монанди асрҳои гузашта (монанди он ки устод Айнӣ дар «Мактаби кўҳна» тасвир кардааст) бошад, балки аз дастовардҳои омўзгории имрўзӣ, аз таҷрибаи мактаби шўравӣ ва кишварҳои пешрафта бояд сабақ гирифта шавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо