Хуросон аст ин ҷо

Бештари рўзномаву маҷаллаҳои русӣ, ки пинҳонӣ, дурусттар он ки ба таври ғайрирасмӣ, вале ошкоро оварда мешаванд, тарғибгари сексу шаҳвоният ва беодобӣ мебошанд. Диску касетаҳое, ки мазмунан фисқу фуҷур аст, торафт зиёд мешавад.
Инҳо ҳама шеваи зиндагии ғарбиёнро дар Тоҷикистон ба роҳ меандозанд, ахлоқу одоб, дурусттар он ки бадхулқиву беодобии ғарбиро, ки хилофи тасаввуроти ахлоқии мардуми мост, дар Тоҷикистон ҷорӣ кардан мехоҳанд, ахлоқу одоби мардуми моро вайрон карданӣ ва моро ҳар чи зудтар ба сўйи ғарбзадагӣ бурданӣ ҳастанд. Нерўҳое пайдо шудаанд, ки вайрон кардани ахлоқи мардуми мо ба суди эшон аст. Онҳо аз ин роҳ пул ба даст меоранд, сарватманд мешаванд. Донед, ки мо ҳар чи бештар ғарбзада бошем, пулёбии баъзе аҷнабиён (ва бархе худиҳо), давлату савлати онҳо бештар мешавад.
Ин омори ёдшуда ҳикоят аз он мекунад, ки дар як қисми калони фазои иттилоотии Тоҷикистон бегонагон ҳукмронанд.
Агар дар Тоҷикистон танҳо 50 фоизи рўзномаҳо ба забони тоҷикӣ, боз баъзеи он ба се забон - ба тоҷикӣ русӣ ва ўзбекӣ чоп мешуда бошад, бояд бигўем, ки дар фазои итилоотии Тоҷикистон майдони забони тоҷикӣ хеле танг шудааст. Ин 50 дар сад чунин маънӣ дорад, ки забони давлатӣ дар қаламрави худ кам-кам ғарибу бечора шудааст. Чун дар баъзе қишрҳои ҷомиаи мо нашрияҳои русӣ обрў доранд, он 50 дар сад чунин маънӣ ҳам мегирад, ки имрўз дар матбуоти Тоҷикистон баёни марому маслаки даврони истиқлол ба душворӣ рў ба рў омадааст, фикри кишварҳои дигар дар бораи зиндагӣ дар расонаҳои хабарӣ бештар ва мукаммалтар баён мешавад, фикри худро ба сари мо бор кардан мехоҳанд. Онҳое, ки аз берун матбуоти русиро дар Тоҷикистои густариш медиҳанд, мақсадашон иттилоърасонӣ нест, балки фаҳмишу раъйи худро ба зеҳни мо нишондан аст. Ва ин ҳам як навъи ҷаҳонӣ сохтан аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо