Хуросон аст ин ҷо

Онҳое, ки ба ватан баргаштанд, низ саводи ихтисосии миллӣ надоранд ё кам доранд, ҳисси миллии баъзеи онҳо баланд нест. Бархе аз онҳо ба ватан баргарданд ҳам, чун мутахассиси хориҷӣ меоянд, ки барои пул кор кардан омадааст, на барои хидмати миллат.
Кундии шуури миллӣ, бетафовутии фарҳангӣ, худбегонагӣ ва монанди инҳо, ҳатто бегонафарҳангӣ ҳангоми таҳсил дар хориҷ бештар имкони пайдоиш дорад.
Чун ҷавононро ба хориҷ барои таҳсил мефиристем, бояд дар ҳар кишвар созмонҳое дошта бошем, ки маъмурони онҳо бо он ҷавонон кор бикунанд, машғулиятҳо бигузаронанд, аз забон, адабиёт, таърих, ба вежа таърихи фарҳанги маънавӣ, аз ахлоқу маънавият дарс бидиҳанд, то дарунмояи миллӣ - маънавии ҳастии шахс устувор шавад. Ин кор ҳам осон нест ва душвориҳо дорад, дар бисёр мавридҳо камтаъсир ва ношуданист. Бо вуҷуди ин, дар ин роҳ кўшидан ва чораҳо пешбинӣ кардан даркор аст.
Беҳтар он аст, ки низоми таҳсилот дар Тоҷикистон такомул дода шавад ва тарбияи кадри миллӣ бештар дар Тоҷикистон сурат бигирад. Ба дараҷаи стандартҳои ҷаҳонӣ расонидани низоми таҳсилот ва такмили рўзафзуни он яке аз муҳимтарин ҳадафҳои миллист. Агар бар ин ҳадаф бирасем, ба тахсили дар хориҷ эҳтиёҷ кам мемонад. Барои таъмини савияи баланди таҳсилот лозим аст, ки устодони хориҷӣ ба кор даъват бишаванд. Аз хориҷ, аз Шарқу Ғарб устод даъват кардан беҳтар аз он аст, ки ба хориҷ донишҷўй бифиристем. Аз хориҷ устод даъват кардан гаронтар меафтад, вале барои баланд бурдани сифати таҳсилоти миллӣ бештар аҳамият дорад.
Банда бар инам, ки агар дар таълимгоҳҳои миёнаву олии Тоҷикистон баъзе илмҳоро ба русӣ ё англисӣ дарс додан лозим ояд, бояд чунин тартиб ҷорӣ бикунем, ки ними соатҳо ба англисӣ ё русӣ, ними дигари соатҳо ба тоҷикӣ дарс дода шавад. Он гоҳ имкон хоҳем дошт, ки мутахассисони тоҷик дар соҳаи ҳар илму ихтисос саводи тоҷикӣ низ дошта бошанд, то ки аз шармандагии бесаводӣ раҳоӣ биёбанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо