Хуросон аст ин ҷо

Сарнавишти миллат вобаста ба он хоҳад буд, ки мабдаъи эҷодкор ба чи андоза фаъол шуда, оммаро ба бунёдкорӣ ва таърихсозӣ сафарбар хоҳад кард. Дар ин маврид дар дили инсон то ҳадди имкон хомўш кардани ҳиссиёти паст, ҳиссиёте, ки кўрдилӣ, аз ҷумла шўридагӣ ва майли вайронкорӣ меорад, зиёда зарур аст. Дар ин вақт дар дили одамизод, дар дили оммаи мардум ҳиссиёти баланди инсонӣ бедор карда ва одамиятро зўр бахшида, нияти эҷодкориву созандагӣ илҳом додан лозим аст, то ки миллат битавонад зиндагии нави худро бо дасти худ барпо кунад.
Аз инқилоби Русияи соли 1917 маълум шуда буд ва аз воқиаҳои пурдаҳшати Тоҷикистони солҳои 1990-1993 боз як бор бовар ҳосил гардид, ки агар оммаи заҳматкашони азиятдида ва гуруснаву аламзада бо равшангарӣ ва маърифатомўзӣ ба сўи халосӣ аз бўҳрон раҳнамоӣ набинанд, агар андешаи инсонӣ ва неруи эҷодкории онҳо ба ҷунбиш оварда ва барои бунёдгарӣ сафарбар нагардад, баръакс агар қувваҳое ёфт шавад, ки онҳоро ба шўр оварда, хашмолуд ба по хезонад ва ба кўча барорад, он гоҳ ба сари халқу кишвар фоҷиаҳо хоҳад омад, зеро якрўза фитнаи авом бадтар аз яксола зулми подшоҳи золим аст.
Оре, дар давраи нави таърих агар имкон шавад, ки қувваи эҷодкори мардум, неруи маънавии бунёдгару иттиҳодбахш фаъолона амал оғоз намояд, нашъу намои миллат муяссар хоҳад гардид. Чун моҳияти аслии инсон дар маънавият зоҳир мешавад ва дар ҳастии мардуми тоҷик маънавият зуҳуроти ҷудогона дошта ва дар тўли таърих тақдирсоз омада, бақои умри ўро таъмин карда буд, дар марҳилаи ҳозираи таърих низ неруи маънавӣ ва ба ҷунбиш овардани он, ғундоварии қувваҳои маънавии тозаи замонӣ ва ба фаъолияти созандагӣ сафарбар кардани онҳо омили асосӣ хоҳад
буд, ки имкон хоҳад дод тоҷикон зиндагонии нави мустақилона шурўъ кунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо