Хуросон аст ин ҷо

Чун инони таърихро ба даст гирифтан мехоҳем, нахуст аз биниши таърихӣ раҳнамоӣ бояд ҷуст. Албатта тамоми таърих, ҳама ҷузъиёту тафсилоти он, ҳама воқиаҳо, номҳо, санаҳо ва ғайраро дар ёд доштан душвор ва номумкин буда, зарурате ҳам надорад. Барои имрўзу фардо муҳимтарин лаҳзаҳо, умдатарин рўйдодҳои замонҳои гузашта, ки маъною мундариҷаи инкишофи таърихӣ ва марҳилаҳои ҷудогонаи онро равшан мекунад, аҳамият дорад. Дурусттар он ки ҳама фактҳои чудогонаи муҳим, ҳама ҷузъиёти моҳияткушо қодиранд чун силоҳи мубориза хидмат кунанд, валс умуман на ҷузъиётписандию зоҳирбинӣ, балки яклухтиву ягонагии таърих, дарки маъиои асосии он биниши иҷтимоъиро тезис мебахшад. Таърихи миллат, ки бо шири модар ба хуни шахс даромада ба сиришташ нишастааст, тезбиние, ғаризае, савқи табиие дар шниохти худвежагиҳои ҳаёти халқу кишвар, манфиатҳои миллат, идеалҳо ва ҳадафҳои миллӣ, дар шинохти тамоюлоти рафти замон ва ҳолату вазъиятҳои нави таърихӣ ато менамояд.
Донишманди таърихшиноси рус В. О. Ключевский гуфта буд, ки «чун ниёгонро меомўзем, худро мешиносем».1 Имрўз мо тоҷиконро зарур омадааст, ки аҷдодро биёмўзем, то худро бишносем. Ҳеҷ яке аз риштаҳои худшиносии шахс ва ҷомиаро бидуни ёди таърихӣ тасаввур наметавон кард. Ҳар амали муҳимми иҷтимоъӣ он гоҳ кам ё беш амали огоҳона хоҳад буд, ки аз ёди таърихӣ раҳнамоӣ дида бошад.
1 В. О. Ключевский. Письма. Дневники, афоризмы и мысли об истории (Номаҳо, рўзномаҳо, ҳикматҳо ва андешаҳое дар бораи таърих).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё