Хуросон аст ин ҷо

Мардуми тоҷик дар айёми мо ба худшиносии тозае мерасанд ва ё бояд бирасанд. Зиёда зарур аст худшиносии миллии навбунёде сурат бигирад, ки дар асоси шинохти таърихӣ, фарҳангӣ, фалсафӣ ва мазҳабӣ, дар асоси шинохти муҳимтарин хусусиятҳои миллии худ моҳияти марҳилаи имрўзаи таърих амиқан дарк шавад, ҳадафҳои миллӣ ва роҳи расидан ба онҳо дуруст таъин гардад. Як худшиносии пургустаришу амиқрави маънавӣ қобил аст, ки миллатро аз вартаи худгумкардагӣ берун кашида ба шоҳроҳи ҳастии таърихӣ бароварад. Расидан ба худшиносии амиқи маънавиасос фармудаи таърих аст, ки тоҷикон бояд иҷро кунанд.
Аз ин рў ба таърих, ба оғозгоҳҳои ҳастии миллӣ нигоҳ андохтан ва бо биниши таърихӣ моҳияти вазъи имрўзро муайян кардан басо зарур омадааст. Барои таъини роҳи фардо нахуст аз биниши таърихӣ ёрӣ бояд ҷуст.
Мутаассифона аз таърих сабақ омўхтан кам ба дид меояд.
Ҳегел дар «Фалсафаи таърих» гуфта буд: «Таҷриба ва таърих мегуяд, ки халқҳо ва ҳукуматҳо аз таърих ҳеҷ гоҳ чизе наомўхтаанд ва аз рўи панде, ки аз таърих метавон гирифт, амал накардаанд». Алҳақ, мардум ба хости вазъи кунунӣ амал мекунанд ва гоҳ маълум нест, ки тақозои рўзро дуруст фаҳмидаанд ё не, чи ҷои таҷрибаи таърих! Ба хусус тўдаҳои шўрида гоҳ дар амал бо чашми пўшида қадам мегузоранд ва ҳиссу ҳаяҷони баланд фикру андешаро кунд мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё