Хуросон аст ин ҷо

Вай дар бораи «Донишнома»-и Ибни Сино гуфтааст, ки «забони ин китоб форсии сода - тоҷикӣ буда», яъне Айнӣ «тоҷикӣ»-ро ҳаммаънои «форсии сода» донистааст. Вай дар ҷои дигар забони модарии Ибни Синоро «забони форсӣ-тоҷикӣ» номидааст ва гуфтааст, ки Ибни Сино «қобилияти забони илмӣ шудани забони форсӣ-тоҷикиро нишон дода тавонист»2.
Дар ин мавридҳо истилоҳи «забони тоҷикӣ» муродифи (мутародифи) «забони форсӣ» ва «форсии дарӣ» мебошад. Ҳар гоҳ ки «забони тоҷикӣ» ба сифати муродифи «форсии дарӣ» омад, мояи ифтихор қарор меёбад, зеро маънои он «содатарин ва софтарини лаҳҷаҳои форсӣ» ва «форсии тоза» ба шумор омадааст.
Бояд бигўем, ки чун муродифи «забони форсӣ» ва «форсии дарӣ» истифода шудани он ҳаргиз хилофи ҳақиқати таърих нест.
Чунонки ишора шуд, «тоҷик» аз қадим номи умумии ҳамаи эрониён буд. «Эронӣ» дар асл номи халқе набуда, танҳо нисбат доштан ба кишвари Эронро мефаҳмонад. Эрониёни ориёитабори порсигўй дар кадом кишвар, ки зиндагӣ кунанд, «тоҷик» номбар шудаанд ё ки «тоҷик» яке аз номҳои эшон будааст. Баъдтар ғайри туркро тоҷик гуфтанд ва ҳар эроние - қатъи назар аз ин ки аҳли кадом вилояту минтакаи Эронзамин аст, чун дар паҳлуи турке қарор бигирад, тоҷик ба шумор меомад. Ин аст, ки «тоҷик»
ҳаммаънои «эронӣ» буд. Модомки «эронӣ» ва «тоҷик» мафҳумҳои ҳаммаъниянд, аз рўи мантиқ аст, ки бо амри зарурат «забони тоҷики»-ро муродифи «забони форсӣ» қарор доданд. Ҳамчунин азбаски аз қадим «беҳтарини луғоти форсӣ забони дарӣ» дониста мешуд (Бурҳони қотеъ») ва имрўз ҳам форсии тоҷикии Осиёи Миёна «содатарин ва софтарини лаҳчаҳои форсист», ба тамом
1 С. Айнӣ. Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ. Куллиёт, ҷ. II, қ. 2,
саҳ. 353.
2 С. Айнӣ. Куллнёт, ҷ. II, қ. 1, саҳ 71, 69 ва 72.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё