Хуросон аст ин ҷо

Устод Лоҳутӣ дар сарсухани «Намунаи адабиёти тоҷик»
навишта буд:
«Асосан Осиёи Миёна ҳамеша яке аз марказҳои бисёр муҳимми адабиёти форсӣ буда, балки пас аз нобуд шудани адабиёти ин забон ба воситаи ҳуҷуми араб ва сўзондани осор ва китобҳои форсӣ, Осиёи Миёна қадимтарин манбаъу сарчашмаи адабиёти форсист»2.
Исботи ҳамин муддао мақсади асосии устод Айнӣ аз тартиб додани «Намунаи адабиёти тоҷик» буд. Вай таърихро ба забони гувоҳӣ оварда, дар асоси мадорики сершумори таърихӣ собит сохт, ки халқи тоҷик ва забону фарҳанги вай дар ин сарзамин аз қадим вуҷуд дошт ва имрўз ҳам ҳақ дорад арзи ҳастӣ бикунад. Чунонки худи Айнӣ гуфтааст, «Намунаи адабиёти тоҷик» «пардаи он иғвогаронро (яъне пантуркистҳоро - М. Ш. ) даронид ва ба даҳони онҳо мўҳри хомўшӣ зад»3.
Таъсиси Тоҷикистон, китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» ва фаъолияти адабии баъдии Айниву Лоҳутӣ барои худшиносии таърихӣ ва худогоҳии миллии тоҷикони Осиёи Миёна басо судманд омад. Агарчи Тоҷикистон соли 1924 дар як гўшаи харобазори сарзамини тоҷикон таъсис ёфта, соли 1929 танҳо вилояти Хуҷанд ба Тоҷикистон пайваст ва шўравиён Бухорову Самарқандро ҳамчунон дар ҳудуди Ўзбекистон гузоштанд, бо вуҷуди ин, мардуми тоҷик то андозае имкон ёфт, ки худро соҳиби як гўшаи ватани худ, соҳиби як фарҳанги олӣ, як адабиёти ҷаҳоншумул, ки аз
1 С. Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик. -М., 1926, саҳ. 3.
2 Лоҳутӣ. Садридднни Айнӣ, дар: С. Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик, саҳ. VIII.
3 С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ. 1. - Сталинобод, 1958, саҳ. 97.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё