Хуросон аст ин ҷо

Худро аз эроният қатъиян дур гирифтани тоҷикон он гоҳ бештар аз тарси нисбат ёфтан ба панэронизм рўй дод, инчунин ба ин ҳукм лозим омад, ки «дар ҳузури душманон бо дўст натвон гуфт рост».
Ниҳоят, И. Зеленский, Абдуллоҳ Раҳимбоев ва Файзуллоҳ Хоҷаев - ин се саркардаи тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Тошканд маҷбур шуданд розигӣ бидиҳанд, ки дар кўҳистони дурдасту ақибмондаи Бухорои Шарқӣ вилояти мухтори Тоҷикистон таъсис шавад, вале дар паи исрори мардоне чун Абдулқодир Муҳиддинов ва Чинор Имомов, ки ба ривояте ҳар ду ба Маскав рафтанд ва хеле давуғеҷ карданд, бо дастгирии Георгий Чичерин Маскав тасмим гирифт, ки на вилоят, балки ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар ҳайъати Ўзбекистон ташкил бояд дод. Ин ҳодиса соли 1924 рўй дод ва соли 1929 баТоҷикистон муяссар гардид, ки аз ҳайъати Ўзбекистон берун шуда, ҷумҳурияти мустақил ба даст орад.
Ҷои тааҷҷуб нест, ки чун номи «Тоҷикистон» пайдо шуд (ва ҳол он ки то соли 1924 вуҷуд надошт), мафҳумҳоеро монанди «миллати тоҷик», «забони тоҷикӣ», «адабиёти тоҷикӣ» ва ғайра аз паи худ овард. Ё баръакс баъзе аз ин мафҳумҳо боиси пайдоиши номи ҷуғрофии «Тоҷикистон» гардид, ки дар таърих собиқа надошт. Замони тўфонӣ тасаввуроти қонунманди таърихиро, ки асрҳо боз вуҷуд доштанд, зеру забар кард ва истилоҳоти маъмулеро, ки дар заминаи устувори таърихӣ ба вуҷуд омада буданд ва касе ба ҳаққонияти онҳо шубҳа надошт, несту нобуд сохт ё тағйир дод. Истилоҳи «форс» ва «забони форсӣ» дигар фақат нишонаи мансубият ба панэронизм ва панисломизм, ки ин мансубият бе чуну чаро гуноҳи азим ба шумор меомад, дониста мешуд (ва ҳол он ки ҷараёне ба унвони панэронизм аслан вуҷуд надошт ва онро истеъморгарону туркпарастҳо бофта, чун силоҳи мубориза бо эроният ба кор мебурданд). Ба сабаби пеш омадани зарурати худдорӣ аз таъкиди эронияти тоҷикони Осиёи Миёна буд, ки забони форсии ин диёр дигар ба унвони забони тоҷикӣ ёд мешуд, адабиётеро, ки дар муддати асрҳо дар ин сарзамин ба он забон эҷод шудааст, адабиёти тоҷикӣ гуфган гирифтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё