Хуросон аст ин ҷо

Фирдавсии фиудол ва тарафдори низоми табақотиро ба зўр ба худ бичасбонад ва аз они худ кунад…, русҳо онро шоири тоҷикӣ ё тоҷикистонӣ мехонанд ва гузидаи ашъорашро дар гулчини ашъори тоҷикӣ меғунҷонанд». Рўзноманигори тоҷик Мирзо Шакурзода ба ин иддаои Ботинӣ посух гуфта буд1.
Пас аз он ки мақолаи оқои Ҷалоли Матинӣ ба табъ расид, дар Тоҷикистон ҷавононе сар бардоштанд ва фарёд карданд, ки Айнӣ хоин аст, ки миллати мо, забону адабиёту фарҳанги моро аз номи аслӣ маҳрум сохт, моро аз олами эрониён берун оварда, байни мову эрониён ҷудоӣ андохт ва ҳоказо.
Ин ҷавонон ва он оғоёни даъвогар аз асли масъала бехабаранд ва намедонанд, ки дар чоряки аввали садаи мо дигар шудани номи забону адабиёти тоҷикони Осиёи Миёна сабабҳои ҷиддӣ дошт ва чунонки пайдоиши кишваре ба номи Тоҷикистон зарурати таърихӣ буда, дар паи муборизаҳои сахте даст дод ва бақои умри миллати тоҷикро дар Осиёи Марказӣ таъмин кард, ҳамчунон истилоҳоти «забони тоҷикӣ», «адабиёти тоҷикӣ» ва ғайра ки ба ҷои «забони форсӣ» ва «адабиёти форсӣ» расман пазируфта шуд, низ барои зинда мондани тоҷикон дар ин сарзамин ва ҳифзи эронияти онҳо сабаб гардид.
Агар ба таърихи масъала нигоҳе андохтан ва сабабҳои пайдоиши истилоҳоти «забони точикӣ», «адабиёти тоҷикӣ» ва монанди инҳоро донистан хоҳем, таърихчаи тоҷикони Осиёи Миёна ва худшиносии миллии онҳоро дар садаи бист варақ задан лозим меояд.
Забони тоҷикони Мовароуннаҳр то садаи бист забони форсӣ номида мешуд ва адабиёте, ки ба ин забон дар ин сарзамин аз Рўдакӣ то Садриддини Айнӣ ба вучуд омадааст, адабиёти форсӣ
1 Ниг.: Мирзо Шакурзода. Ман дигарам! Ту дигарӣ?! «Кайҳони ҳавоӣ». шумораи 1031, 29 урдубиҳишти 1372 19 маи 1993, саҳ. 14.
ном дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё