Хуросон аст ин ҷо

Дар масъалаи ин ки форсии дарӣ дар Хуросон хеле пештар аз исломият густариш доштааст, бештарин пажўҳишгарон шак надоранд, вале бархе аз онҳо Мовароуннаҳрро аз Хуросони он овон ҷудо мекунанд ва ақида изҳор менамоянд, ки дар Мовароуннаҳр пеш аз исломият танҳо забони суғдӣ ва хоразмӣ дар амал буд ва форсии дарӣ ба ин сарзамин ҳанўз нарасида буд. Ин муҳаққиқон бар онанд, ки «Бар асоси осори таърихии нависандагони араб дар замони фатҳи Бухоро аз сўи Саъид ибни Усмон ба соли 56 ҳ. (=675 м) ва қарнҳои баъдӣ забони Бухоро ва атрофи он суғдӣ будааст».1 Дар бораи ин ки дар қарни аввали ислом забони аҳли Бухоро суғдӣ будааст, пажўҳишгарон чанд далел меоваранд. Яке аз ин далелҳо гуфтаи Мақдисӣ дар «Аҳсан-ут-тақосим фӣ маърифат-илақолим» аст. Мақдисӣ гуфта: «Суғдиёнро низ забоне ҷудост, ки наздик ба забони рустоиёни Бухоро мебошад ва чанд гуна аст, ки ҳамагӣ онҳоро мефаҳманд […] Камтар шаҳре аз онҳо, ки ёд кардам, ёфт мешавад, ки рустоаш забони ҷудогона надошта бошад». 2 Вале аз ин пора маълум нест, ки забони аҳли Бухоро чӣ буд.
Мақдисӣ мегўяд, ки забони рустоиёни Бухоро наздик ба суғдӣ буд, ва аз забони аҳли шаҳр фарқ мекард. Ў таъкид кардааст, ки дар дигар ҷойҳои Мовароуннаҳр низ русто «забони ҷудогона» дошт, ки аз шаҳр тафовут дошт. Пас забони мардуми шаҳр, ки аз суғдии русто фарқ доштааст, чӣ буд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё