Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар Самарқанд нашуд сохта ним анҷуманам…
Гуфт Алломаи Иқбол, ки бархез зи хоб!
Буздиле гуфт: фулонист мухотаб, на манам…
Он яке дар хуми тилло сари худ кард фурў,
Дигаре гуфт: биё, маҳваши симинзақанам…
Он яке гуфт ғами гову бузу бузғола,
Дигаре гуфт ғами хонаву фарзанду занам…
Домани кўҳ гирифтему думи маркаби хеш
Рафт аз даст ҳама домани дашту даманам.
Эй Хуросон, ту бигў, соҳати Эронвич ку?
Ман аз ин фоҷиа чун шиква ба Яздон накунам?
Ку дигар шаъшаъаи донишу фарҳанги бузург?
Ку дигар карру фару наъраи ғулғулфиканам?
Рўзу шаб аз ғами ту гирякунон месўзам,
Ту ба хун ғарқаю ман ғарқи малолу миҳанам.
Гиряи ман на аз он аст, ки даргоҳам сўхт,
Ҳам на з-он аст, ки абгор шуд аъзои танам.
Гиряи ман на аз он аст, ки бенон мондам,
Ҳам на з-он аст, ки фарсуда бувад пираҳанам.
Гирям аз он ки туро ҳукм ба куштан карданд,
Ман сухан гўям агар, нест касе ҳамсуханам.
Гирям аз он ки ба жарфои чунин фоҷиае
Нашавад хира кас аз ҳамнасабу ҳамватанам.
Гирям аз он ки ду-се бетарафи бешарафе
Ба сарам санг биборанд, ки ман дам назанам.
Гирям аз он ки ту танҳоиву ман танҳотар,
Ватанам, о ватанам, о ватанам, о ватанам!

Чунон ки дар боло ишора рафт, устод Шакурӣ бо китоб тавъам зода шудаанд, ба эшон умри китоб, умри китобҳои бузургро орзумандам!

Лоиқ 8. 06. 96. Душанбе.

пешина
аз 351
навбатӣ