Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Он пажўҳишгарони имрўзии араб, ки робитаҳои бостонии забони форсӣ ва арабиро меҷўянд, дар замони Сосониён ва аввалҳои исломият дар Ироқи Аҷам, дар Басра, Куфа, Ҳира, ҳатто Миср интишор ёфтани форсиро гуфтаанд. Яке аз сабабҳои густариши форсӣ дар он ҷоҳо ин будааст, ки эрониён дар он сарзаминҳо зиёд буданд. Доктор Таҳа Нидо аз ҷумла он ҳодисаи маълумро зикр кардааст, ки соли 673-и мелодӣ ҳокими Хуросон Убайдуллоҳ ибни Зиёд ба Бухоро ҳамла овард ва хеле аз мардуми Бухоро асир гирифт ва «онҳоро низ дар Басра маскан дод…
Миқдори онҳо чаҳор ҳазор буд». Таҳа Нидо инро низ як сабаби он, ки «забони форсҳо, фарҳангашон, санъату ҳунармандии эшон хеле густариш ёфта буд», медонад». Аз ин ҳама маълум мешавад, ки форсии дарӣ пеш аз исломият дар Бухоро ривоҷ дошт ва ба дараҷаи забони шеър расида буд. Пас ҳеҷ наметавон гуфт, ки форсии дарӣ аз омезиши забони паҳлавӣ ва арабӣ пайдо шудааст, зеро он гоҳ ки дарӣ дар Хуросон ва Осиёи Миёна ривоҷ дошт, ислом ва забони арабӣ ҳанўз ба ин сарзамин нарасида буд. Пас инчунин наметавонем бигўем, ки забони форсӣ бо лашкари араб ва «маволиён» ба Осиёи Миёна омад.
Аз ин ки форсӣ дар Осиёи Миёна пеш аз расидани лашкари араб вуҷуд дошт, ин ҳам гувоҳӣ медиҳад, ки чун ҳокими араб Асад бинни Абдуллоҳ соли 725 ба Хатлон ҳамла овард ва сахт шикаст хўрда ба Балх омад, мардуми Балх дар ҳаққи ў шеъри тамасхуромезе суруданд, ки низ ба форсист:

пешина
аз 351
навбатӣ