Хуросон аст ин ҷо

Имрўз ҳам савдогарон ва соҳибкорон дар ҷомеа ҳар чи бештар мавқеъ мегиранд ва аз эҳтимол дур нест, ки муддате сарнавишти миллат ба дасти онҳо хоҳад гузашт. Агар дар ҳақиқат чунин шавад лозим аст, ки ҷомеа ва худи бозаргонон ба адои ин рисолат тайёр бошанд. Ҳоло ҷомеа ҳозир нест, ки тақдири худро ба дасти савдогари сари кўча бисупорад. Бештари соҳибкорон ҳам қатъан омодаи хидмати бузурги иҷтимоъӣ нестанд. Ҳоло аз савдогарони навбаромади мо ҳама ба дод омадаанд, зеро савдогарон аз фанни савдо кам хабар доранд ва бисёр ноинсофанд. Пас лозим аст, ки кори онҳо ба шартҳое, ки Фитрат гузоштааст, мувофиқат ёбад, яъне «аз ростиву саховат дур набошад». Мо бояд инро ба онҳо ёд бидиҳем.
Вазифаи ҷомеа, вазифаи давлат аст, ки собҳибкорон ва бозаргонҳоро ба хидмати иҷтимоъӣ тайёр кунад, онҳоро кордонӣ ва адлу инсоф омўзад. Мо бояд таълимгоҳҳои бозаргонӣ зиёд дошта бошем, ки на танҳо илми тиҷорат, балки бештар аз он илми одамият омўзанд.
Илми одамият - яъне чи? Илми одамият ҳамаи он донишҳоест, ки шахсро одамгарӣ, раҳму шафқат, ҳалолкориву ҳалолхўрӣ, ахлоқу одоб ёд медиҳад. Мутаассифона, дар таълимгоҳҳои тиҷоратӣ, саноатӣ, кишоварзӣ ва ғайра дарси одамият нест, агар бошад, чунон ночиз аст, ки таъсир надорад. Чунин таълимгоҳҳо танҳо касбу ҳунар ва ихтисосу кордонӣ ёд медиҳанд, аммо одамият ва фарҳангу маънавият намеомўзанд. Ва ҳол он ки одамияту маънавият бештар аз донишу ихтисос зарур аст. Шахс донишу кордонӣ дошта бошаду аз одамият маҳрум монад, мутахассиси беодамият хоҳад буд, ки аз ў чандон некӣ умед наметавон кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё