Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Имрўз дар шаҳри Душанбе балки дар маҳдудаи Тоҷикистон аз ашрофият ва ҷавонмардӣ ному нишоне нест, вагарна наҷибзодагоне амсоли Юсуфхони Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломуф ва Муҳиддини Олимпур бо ваҳшати ҳайвонӣ кушта намешуданд. Ашрофият ва ҷавонмардӣ нест, ки кўрдилӣ, кўрбоварӣ, кўримонӣ, кўрботинӣ ва ғайра рўи кор омад, ки бародар хуни бародарро рехт.

Душмани хонагӣ аз хасми бурунӣ батар аст,
1 Бештар шикваи Юсуф зи бародар бошад.

Банда бештар вақтҳо бо дарду ранҷ бар ин ҳама аз ҳақиқат чашм пўшиданҳои ноҷавонмардонаи таърих меандешам, бар ин ҳама ҷавре, ки бар мо рафтааст, меандешам, аз он ки чаро мо баъд аз Сомониён соҳиби худ набудаем, сад чашми ҷаҳонбин надоштаем, аммо ду чашми даҳонбин2 доштаем, яъне ҳамеша гўшу чашм ба ҳарфи дигарон будаем, мўҳри ғуломӣ дар ҷабин, мўҳри хамўшӣ дар даҳан аспро гум карда, аз паи наъл гаштаем, аз худу фарҳанги худ огоҳ набуда ва ифтихор надошта ва аз имтизоҷи омўхтаҳову андўхтаҳову овардаҳову наовардаҳои таърих сабақ наомўхтаем. Дар тўли таърих Хизр ҷуста басо ба хирс бархурдаем. Имрўз намедонем, ки гўри Сўзанӣ, Мушфиқӣ, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Шоҳин ва… дар куҷост?
Ҳамчунон ки намедонем чӣ қадар вожаю луғат дар забони мо мурдааст ва чаро? Аз забони худ ҳифозат ва ҳиросат накардаем.
Имрўз мебинам, ки баъди ба мақоми давлатӣ расидани забони тоҷикӣ дар қомати он як пироҳани наве надўхтаанд. Аз мақомоти боло то як хошарўб касе аз пеши худ дар ин росто коре намекунад, ки бар суди забони модарӣ ва давлатӣ бошад.

1 Аз китоби Наҷиби Моили Ҳиравӣ «Бигзор то аз ин шаби душвор бигзарем». «Маркази мутолиаи эронӣ». - Теҳрон.
2 Байти чопнашудаи ин хақир:
Мо на онем, ки сад чашми ҷаҳонбин дорем, Мо ҳамонем, ки ду чашми даҳонбин дорем.

пешина
аз 351
навбатӣ