Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

шарқ шиносӣ шудам, дар ҳоле, ки аслан намедонистам, забони урду чӣ забонесту дар куҷо ба он ҳарф мезананд.

ДУШАНБЕ

олҳои донишҷӯии ман, яъне солҳои ҳаштодум Душанбе Сбештар як шаҳри русӣ буд. Қисми аъзами сокинони Душанбе мардуми рус ва русзабонҳо буданд. Ҳатто худи тоҷикони муқими Душанбе русӣ ҳарф мезаданд, аз уқдаи ҳақорат ба забони модарӣ ҳарф заданро ор медонистанд. Дар шаҳр корхонаҳои саноатии зиёд фаъолият мекарданд, ки аксари муҳандисони онҳо аз шумори ғайритоҷикҳо буданд. Агар корхонаи наве сохта мешуд, муҳандисони онро аз Русия ё ҷумҳуриҳои дигар мефиристоданд, гӯё мардуми тоҷик нокора ва қобил ба омӯзиш набуданд. Номи кӯчаву хиёбонҳо, навиштаҳои болои дари корхонаву муассисаҳо ҳама русӣ буданд. Хиёбони марказӣ, боғи марказии шаҳр, Донишгоҳи давлатӣ ва бисёр муассисаҳои дигар ба номи Ленин буданд. Ба ғайр аз як-ду кӯчаи ба номи тоҷикон – қаҳрамонони шаҳиди Ҷанги бузурги Ватанӣ ва се-чаҳор кӯча ба номи шоирон, дигар ҳамаи кӯчаву хиёбонҳо номҳои ғайритоҷикӣ доштанд. Номи ин кӯчаҳо ба гӯшу забони тоҷикон намечаспид магар, ки барои суроғаҳо, номи кӯчаву хиёбонҳоро намегирифтанд. Бештар маҳаллаҳоро номбар мекарданд, масалан, хонаи мо дар наздикии бозори Саховат, ё ду кӯча боло аз чойхонаи Роҳат ва ғайра. Ин тарзи суроғадиҳӣ ёфтани манзилро душвор кунад ҳам, мардум аз ҳамин ривол истифода мекарданд. Латифае ҳам буд, ки мегуфт:
«Хонаатон куҷост? Назди хонаи Аҳмад. Хонаи Аҳмад куҷост?
Назди хонаи мо». Баъд аз тағйири номҳо ҳоло мебинам, ки одамон номи кӯчаву хиёбонҳоро бештар истифода мекунанд ва

пешина
аз 253
навбатӣ