Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа
Ман ҳамроҳи дӯстонам Сайфулло ва Воиз ба ҷаласаи эълони натиҷа рафтем. Толоре, ки нишастем, пуродам буд – довталабон аксар бо падару модар, хешу табор, дӯстону ҳамсинфон ҷамъ омада буданд. Ҷаласа оғоз шуд. Ректор суханронӣ карда, дар бораи миқдори довталабон, ҷараёни имтиҳонҳои қабул ва натиҷаи онҳо маълумот дод. Ман аслан гӯш намекардам ва бо дӯстонам саргарми суҳбат будам. Толор ҳам пуродам ва пурсадо буд. Овози ректор пасттар буд ва мо, ки дуртар нишаста будем, ман нашунида мондам, ки номи маро мегирифтаанд. Дӯстон ба ман гуфтанд ва ман аз ҷоям бархостам. Ректор ба ҳозирон эълон карданд, ки ман аз имтиҳонҳои қабул болотарин балли умумиро ба даст овардаам. Аҳли толор кафкӯбӣ карданд. Бори дувум буд, ки ба ман кафкӯбӣ мекарданд. Воқеан ин пирӯзӣ буд! Ман ҳаяҷонзада меистодам, ки ректор афзуданд:
– Мо метавонем шуморо ба факултаи шарқшиносӣ гузаронем, оё розӣ ҳастед? Ман дар ҳоли ҳаяҷон ва чун қаблан қаҳр карда будам, хитоб кардам:
– Не!
Намедонам, шояд ректор ин посухи маро нашуниданд ё шояд фикр карданд, ман саволашонро дуруст нафаҳмидам, ки дубора саволро такрор карданд. Ин ду ҳамсинфам аз ду тарафи домони ман кашида, маро ташвиқ мекарданд:
– Розӣ шав, розӣ шав, ту, ки шарқшиносӣ мехостӣ! Туро ме хоҳанд ҳамон ҷо гузаронанд, розӣ шав!
Бахти ман хандида буд, ва фақат вақте хандид, ки ман тамоми саъю кӯшишро ба харҷ додам. Беҳуда нагуфтааст, ки «Аз ту ҳаракат, аз ман баракат». Ин маъниро шоир Парвини Эътисомӣ низ хеле муҷаз баён кардааст:
...Ҳиҷоби заъф чу аз ҳам гусаст, азм қавист.
Ман ҳам сар такон додаму эъломи ризоят кардам. Ҳамин тавр, тақдир орзуи маро қисман амалӣ кард. Ба ҷои гурӯҳи забони форсӣ ман донишҷӯи гурӯҳи забони урдуи факултаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё